Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАҲВ (Забоншиносӣ)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоби “Феҳристи нусхаҳои хаттии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” муҳимтарин дастнавиштаҳоеро, ки дар фонди осорхона нигаҳдорӣ мешавад, муаррифӣ мекунад. Дар ин махзан беш аз 70 нусхаи хаттии дар асрҳои гуногун китобатшуда маҳфузанд, ки бархе дар зоти худ нодиранд.  Яке аз ин нусхаҳо “Наҳв” мебошад, ки  бо забони арабӣ китобат шудааст. Муаллифи китоб номаълум буда, андозааш 22х17,5 мебошад. Нусха аз 104 барга иборат буда, ҳолаташ комил мебошад.

Андозаи ҷилди нусха аз андозаи баргаҳо дар арз хурд аст ва аз ин бармеояд, ки ҷилди аслии нусха аз байн рафтааст, аммо ҷилди насбшуда туранҷ, сартуранҷ ва занҷира дорад. Матну баргаҳои нусха дар ҳолати хуб қарор дошта, таъмир нашудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар нусха чаҳор рисола ба қалам омада, ду рисолаи аввал ба забони арабӣ дар илми наҳв бахшида шуда, як рисола бо забони форсӣ бо зикри оёту аҳодиси набавӣ бо забони арабӣ дар таърифи илму аввалу охири он ва рисолаи чаҳорум дар масъалаи фароизи намоз ба забони арабӣ ба қалам омадааст. Нусха тарқима дорад, аммо номи котиб ва соли китобати он ба ҷуз рӯзи итмоми китобат нишон дода нашудааст. Нусха бо хати настаълиқи зебову хоно китобат шуда, аз ҳисоби дастхӯрда шудан баъзе сатрҳои он дуруштхон гардидааст. Дар ҳошияи баргаи охири китоб рубоиёти ҳазрати Ғавсулаъзам китобат шудааст. Оғози рисолаҳои нусха аз 7 то 9 сатрӣ доранду баргаҳои боқимондаи нусха дорои 13 сатрӣ мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, тартиби маъмули нусханависӣ, яъне дар поёни баргаҳо калимаи оғози баргаи баъдиро навиштан дар нусха риоя нашудааст.

 М. Бойматова

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАҲВ (Забоншиносӣ)
Scroll to Top