Муҳиддинҷон Файзуллоев - осорхонашинос, бостоншинос, мардумшинос, номзади илмҳои таърих, дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, аъзои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, донандаи хуби таъриху фарҳанг ва урфу одату анъанаҳои тоҷикон дар ин рӯзҳои мубораки баҳорӣ ба синни фархундаи 70-солагӣ мерасанд. Устод бо осорхонаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” пайванди ногусастанӣ доранд. Шояд ба он хотир, ки фаъолияти меҳнатиашон маҳз аз ин макони таърихиву фарҳангӣ оғоз гардидааст.
Ин марди шариф баъди хатми донишгоҳи олӣ шурӯъ аз соли 1977 ҳамчун мудири шӯъбаи корҳои илмӣ-маърифатию оммавии Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намудаанд. Маҳз тавассути корбарӣ дар осорхона ва шиносоӣ бо экспонатҳои он малакаву маҳорати М.Файзуллоев дар самти дарки таъриху фарҳангӣ бостон баланд гардида, он касро ба қуллаҳои баландтари ҷустуҷӯҳои илмӣ равона намудааст. Ин буд, ки ҳамчун этнограф, кишваршинос дар осорхона ташаккул ёфта, ба аспирантура роҳхат гирифтанд ва аз соли 1982 то соли 1986 дар кафедраи этнографияи Университети давлатии ш.Москва ба номи М.В.Ломоносов бо ҷустуҷӯҳои илмӣ машғул шуда, соли 1987 рисолаашонро бо муваффақият ҳимоя намуда, ба осорхона баргаштанд.
Кӯшиш ва ғайрати Муҳиддинҷон Файзуллоевро ба назар гирифта, маъмурияти осорхона ду маротиба барои такмили ихтисоси илми осорхонашиносӣ ба Институти умумииттифоқии баландбардории ихтисоси кормандони фарҳанг дар шаҳри Маскави Русия роҳхат дода буд, ки онро бомуваффақият ба итмом расонида, ҳамчун: корманди илмии фонд (маъхаз) ва корманди илмӣ- муовинони директори осорхонаҳои кишваршиносӣ оид ба илм соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
М.Файзуллоев на танҳо дар самти осорхонашиносӣ фаъоланд, балки ҳанӯз аз даврони донишҷӯи (1969) ҳамроҳи устодони бузурги соҳа академик Н.Н.Неъматов, профессор С.П.Поляков ва дигарон дар кофтуковҳои бостоншиносии ноҳияҳои Тоҷикистони шимоливу ҷанубӣ иштирок карда, саҳифаҳои нокушодаи таърихи моро ба рӯи ҳаводорон боз намудааанд. Дар ин марҳила этнографияи халқи тоҷикро бо тамоми нозукиҳояш омӯхта, соли 1974 таҳти унвони “Маҳаллаҳои Тоҷикистони Шимолӣ дар охири асри Х1Х – аввали асри ХХ (дар мисоли Хуҷанд ва шаҳракҳои атрофи он)” рисолаи дипломиашонро бо муваффақият ва пешниҳод ба чоп ҳимоя намуданд.
М.Файзуллоев дар ташкили намоишҳои экспозитсионӣ маҳорату малакаи хос доранд. Намоишҳои ташкилкардаашон дорои мазмуни баланду мундариҷаи бой ҳастанд. Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ мавсуф дар созмон додани як қатор намоишгоҳҳо ба монанди: толор бахшида ба таърихи Иҷлосияи XVI дар Қасри Арбоб (2002, 2012,2017), осорхонаи ДДХ (бахшида ба 70-солагии донишгоҳ), осорхонаи варзишии вилоятӣ, осорхонаи амният чун муаллифи консепсияи илмӣ ва созмондиҳандаиэкспозитсияи намоишӣ саҳм гузоштаанд. Ҳамчунин дар тармиму азнавсозии бино ва экспозитсияи намоишии ёдгории таърихии асри XV мадрасаи Мирраҷаб-Додхоҳи шаҳри Конибодом, ки дорои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ мебошад, устод ҳамчун мушовири илмӣ ширкат доштанд.
Хизматҳои устод аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома (2012), нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016) ва Вазорати маориф ва илм бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) қадршиносӣ гардидааст. Ӯ аъзои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, муҳаррири Ахбори илмии осорхона (№2, 3, 4, 5) мебошанд.
Алҳол, устод Файзуллоев тарбиятгар ва роҳнишондиҳандаи ҷавонон ҳастанду ба шогирдон дар хусуси гузаронидани экскурсияҳо, пурмазмунӣ ва шавқоварии он, навиштани мақолаҳои илмӣ, созмон додани намоишҳои муваққатӣ ва сайёр маслиҳатҳои методӣ ва дастурҳо медиҳанд. Устод шахси хоксор, меҳнатдӯст, нисбати худ ва ҳамкорону шогирдон серталаб ҳастанд. Аз ин лиҳоз, дар байни ҳамагон сазовори иззату эҳтиром хосса гардидаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки осорхона макони таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ буда, муқаддас аст ва осорхонашинос ба мардум мазмун, моҳият ва мундариҷаи таъриху фарҳанги халқро муаррифӣ менамояд ва устод Муҳиддинҷон Файзуллоев дар ин самт аллакай мавқеи махсуси худро соҳиб гардидаанду бо маънои том осорхонашиноси касбии бомаҳорат ҳастанд.
Бойматов М.Т. - омири Осорхонаи
таърихии вилояти Суғд
Ёдгорӣ А.А. - мудири шӯъбаи оммавӣ-
фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа