Ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми вилоятро бо омадани ҷашни Наврӯз, ки на танҳо ҷашни миллии мост, балки ҷашни умумибашарист муборакбод менамояд. Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ ва созандагиро бедор мекунад.
Наврӯз рамз аст - рамзи навсозӣ ва тоҷикон дар ин маврид мегӯянд: “Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост”.
Бигзор, ин баҳор ва ин Наврӯз оғози корҳои неки муштарак ва амалҳои созанда бошад. Бо умеди амалӣ шудани нияту барномаҳои нек Шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз сидқан табрик мегӯем ва бароятон соли хушу бобарор орзумандем.
Наврӯзатон муборак!!!