Наврӯз – соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардуми эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон буда, аз рӯзи аввалӣ солшумораи шамсӣ- 1-уми феврал ё 20-21 уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Наврӯз ҷашни бузурги бедоршавии табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғозӣ хилқати инсону табиат дар байни мардуми Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар таҷлил мешавад.
Дар бисёр маҳалҳо пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму оинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, бахткушоён ва ғайраро бо мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд.
Суманак – як навъи таоми мавсимию маросимии мардуми тоҷикон буда дар арафаи ҷашни Наврӯз мепазанд. Суманакро бо тарзҳои гуногун тайёр мекунанд. Барои пухтани Суманак гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯянд. Сипас дар зарфи сирнок тақрибан 3 рӯз тар карда нигоҳ медоранд. Баъди неш задани гандум онро ба ғафсии 1-1,5 см дар табақҳои чӯбин ё сафолию чинӣ гирифта, дар ҷойи соя мегузоранд ва то сабзидан ҳар саҳар об мепошанд. Баъди сабзидани гандум сабзаро пора карда, қима мекунанд ва аз болояш об рехта, 3 маротиба аз дока фишурда шираашро мегиранд ва дар зарфҳои алоҳида нигоҳ медоранд. Равғани пахтаро доғ ва хунук карда, ба он орд, шираи сабзаи гандум рехта, меомезанд ва дар оташи баланд меҷӯшонанд. Сипас шираи дувум ва севумро рехта, пухтанро давом медиҳанд. Суманакро дар оташи баланд 10-12 соат мепазанд ва барои тагаш насӯхтан ба дег 10-15 дона чормағз ё сангча андохта мунтазам мекобанд. Баъди пухтани суманак оташи таги дегро кашида, Суманак- ро 2-3 соат дам медиҳанд. Барои пухтани суманаки наврӯзӣ ҳамеша пирони бомаърифатро ва ҳунармандонро даъват мекунанд. Дар ин муддат занҳо дар гирди дег суруди “Суманак”-ро хонда, рақсу бозӣ мекунанд.
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак бӯи баҳор аст,
Мелаи шабзиндадор аст.
Дилхуши соле як бор аст,
Соли дигар боз биё!
Дар гузашта занон дар сари деги Суманак бо либоси сафед нишаста, занҳои ҳомила, бефарзанд, шахсони лозимдорро назди худ роҳ намедоданд.
Анъана шудааст ҳамасола дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” суманаки наврӯзӣ бо иштироки аҳли кормандон баргузор мегардад, ки дар гирди дастурхони наврӯзӣ якҷоя хушу хурсандона наврӯзро пешвоз мегиранд.
М. Бойматова
корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”