Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МО ХАЛҚҲОИ ҲАМСОЯ ВА ҲАМТАҚДИРЕМ!

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Робитаҳои тоҷикону қирғизҳо дар муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангӣ решаҳои чуқури таърихӣ дошта, муҳимтарин ҷузъи ҳамкории халқҳои Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд. Ҳанӯз дар асри VII дар қаламрави ҳозираи Қирғизистон суғдиён зиндагӣ мекарданд ва дар асрҳои Х-XII қирғизҳо ба ҳайати давлати Қарахониён дохил мешуданд.

Бозёфтҳои бостоншиносон собит намуданд, ки сиккаҳои салтанати қарахонӣ бештар аз ҳама дар ҳудуди ҳозираи Қирғизистон, Ӯзбекистон ва шимоли Тоҷикистон интишор доштаанд. Қирғизҳо низ чун дигар халқҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз дар асрҳои миёна бо мамлакатҳои Шарқ алоқаҳои савдо доштанд ва роҳи корвонгузари тиҷоратӣ кишвари қирғизҳоро ҳам фаро гирифта буд. Аз ин рӯ, ҳамкории байниҳамдигарии халқҳои тоҷику қирғиз на танҳо ҳодисаи қонунӣ ва яке аз аломатҳои муҳими инкишофи мунтазами иҷтимоӣ-сиёсӣ, балки як омили муҳими рушду такомули ғановати маънавии халқҳои бародар мебошад.

Дар тамоми водии Фарғона аз Хуҷанд сар карда то Кӯҳистони Бадахшон тоҷикону қирғизҳо на танҳо ба маънии томаш ҳамсоядеворанд, балки бисёр вақт онҳо дар як деҳа, ноҳия ё шаҳр зиндагӣ ва кор мекунанд. Дар робитаҳои дӯстонаи байниҳамдигарии ин халқҳо фарқияти забонӣ чи дар ибтидо ва чи дар асрҳои минбаъда ба алоқаҳои иқтисодию иҷтимоӣ монеъ нашудааст ва баръакс, ҳамкорию мубодилаи тарафайн дар инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ аҳамияти калоне дорад. Ҳанӯз аз ибтидои пайдоиши робитаҳои дӯстонаи тарафайн чорводорони қирғиз аз маҳсулоти тоҷикон, аз ҷумла сару либос ва асбобу анҷоми хона васеъ истифода бурда, бар ивази он маҳсулоти чорводорӣ медоданд. Дар айни замон қирғизҳо аз тоҷикон таҷрибаи боғдорию деҳқониро омӯхта, аз он дар ҷойҳои муқимии худ истифода бурдаанд. «Дар байни халқҳои Осиёи Миёна - навиштааст шоири машҳури қирғиз Кубаничбек Маликов, - тоҷикон аз ҳама дида маданияти қадима ва олидараҷа доранд. Ин халқи сулҳдӯсту боистеъдод ба қирғизҳои кӯчманчӣ муроҷиат карда, ҳамеша ба онҳо таъсири муфид намудааст».

Ч. Айтматов ин фикрро тақвият дода навиштааст, ки бисёр чизҳои қиматбаҳои маънавии ин маданият (тоҷикон) ҳам ба маданияти мо ва ҳам ба маданияти дигар халқҳо дохил шудааст ва таъсир ҳам расонидааст.

Сюжети бисёр афсонаҳо, ҳикояҳо, латифаҳо, ривояту қиссаҳо, суруду байтҳо ва рубоиҳои тоҷикӣ дар байни халқи қирғиз хеле васеъ паҳн шудаанд. Масалан, дар қирғизҳо ривояте ҳаст, ки он ба ситоиши мутафаккири бузурги тоҷик Ибни Сино бахшида шудааст. Дар айни замон дар байни мардуми вилояти Суғд, водии Фарғона ва ҳамчунин Ӯшу Ҷалолобод, Қаротегину Бадахшон бисёр сурудҳои қирғизӣ, қиссаю ривоятҳо дар бораи ин халқ, дар  бораи маҳорату қаҳрамонии он маъмуланд. Қирғизҳои водии Қаротегин ва Кӯҳистони Бадахшон афсона, қиссаю ривоятҳо, суруду рубоиҳои тоҷикиро медонанд ва дар нутқи шифоҳии худ аз зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ фаровон истифода мебаранд.

Дар ифтитоҳи Рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар Қирғизистон М. Турсунзода гуфта буд, ки вай ҳақ дорад ба халқи қирғиз «хоҳарон ва бародарон» гӯён рӯ оварад. «Зеро - мегӯяд ӯ, -мо қирғизону тоҷикон на фақат халқҳои ҳамсоя ва ҳамтақдир, балки асрҳо инҷониб хешутаборем.

Мутаассифона, он аҳди дӯстӣ ва хешутаборие, ки дар давраҳои пештар доштем, дар солҳои охир каме костагӣ пайдо карда буд. Дар муносибати дӯстонаи тоҷикону қирғизҳо, ки солҳои сол бо ҳам доштанд, ихтилофу низоъҳои сарҳадӣ ба вуқӯъ омаданд. Бо маслиҳату машваратҳои оқилонаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Кори комиссия дар бобати ҳалли низоъҳои сарҳадӣ идома дорад. Дар рафти яке аз чунин нишастҳо оид ба ин масъалаҳо иштирокдорони он аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик: аз замони пайдоиши инсоният то даврони ҳозир шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳангоми боздид меҳмонон аз ҷумла Губернатори вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон О.И. Суваналиев ба “Китоби хотирот” таассуроти худро навиштанд. Ба меҳмонон армуғонҳои тоҷикӣ ҳадя карда шуд ва аз симои онҳо пай бурдан мумкин буд, ки тамошои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барояшон хотироти фаромӯшнашавандае боқӣ гузошт.

 А.Ёдгорӣ

мудири шӯъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва

робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМО ХАЛҚҲОИ ҲАМСОЯ ВА ҲАМТАҚДИРЕМ!
Scroll to Top