Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАВРӮЗ – ҶАШНИ АҶДОДИИ ТОҶИКОН

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Халқи тоҷик аз азал бо адабиёту фарҳанги бостонӣ ва анъанаҳои зиёди таърихӣ шӯҳратманд гаштааст. Яке аз бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва зиндагисози мардум – Наврӯзи фархундапай ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз аз бостонитарин осори хаттии тоҷикон – “Авасто” ибтидо мегирад. Дар он наврӯз ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар зулм, рӯзи тантанаи Ҳурмузд бар Аҳриман ва рӯзи оғози кишту кору бахту барор тасвир гардидааст. 

Ниёгони соҳибмаърифати мо дар ин рӯзи нав нахуст оташ меафрӯхтанд. Зеро он нишонаи ҳаёт ва рамзи офтоби оламафрӯз аст. Бо фурӯзон кардани оташ дилу нияти худро равшанӣ мебахшиданд ва рӯзгорашонро бо ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо, озодагиву зебоипарастӣ инсондӯстиву созандагӣ ороста медоштанд.

Дар асотири қадимаи тоҷикон сабт гардидааст, ки Худованд ҷаҳонро дар муддати шаш рӯз офарида ва рӯзи шашум ба нахустин рӯзи Фарвардин рост омадааст. Ба ин хотир Наврӯзро далели пайдоиш ва офариниши ҷаҳон донистаанд.

Аксари таърихнигорон ва донишмандон бар он ақидаанд, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшеди пешдодӣ аст. Аз он рӯзгор базмҳову ҷашнҳои пуршукӯҳу ҷалол ба ёдгор мондаанд, ки саодату сафои он ҳама то имрӯзу фардо равшангари дилҳои башарият ба шумор мераванд ва суннатҳои созандаи Наврӯз, аз қабили ҳамрайъиву ҳамдастӣ ва дӯстиву бародариро гарм пазироӣ менамоянд.

Ниёгони мо расму ойинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин, оростани дастурхони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои Фалаку Шашмақом, ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ доштаанд, ки то замони мо омада расидааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин суннати тоҷикон аз нав эҳё шуда, Наврӯз ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил гардид, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатати тоҷик, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт.

Ҳоло Наврӯзро дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрону Афғонистон, Туркия ва бархе аз мамолики арабӣ бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегиранд.

Алҳол мардуми Тоҷикистон ба ифтихори боз як ҷашни муборак ва муқаддаси кишвару озоду соҳибистиқлол – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ доранд. Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарзи бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву манзил ва муҳити зисти худ вусъат бахшад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАВРӮЗ – ҶАШНИ АҶДОДИИ ТОҶИКОН
Scroll to Top