Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Харидории ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи кории Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби кормандони илмии осорхона  ҳамасола баҳри ғанӣ гардонидани маъхази осорхона ашёҳои баландарзиши аҳамияти таърихӣ – фарҳангидошта  аз шаҳрвандони шаҳру навоии вилоят  ҷамъоварӣ карда мешавад.  

Бо ин мақсад, санаи 25.02.2021 2 ҷаласаи комиссияи харидорӣ гузаронида шуд, ки тибқи он аз шаҳрвандон 46 адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ, этнографӣ, бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ гардид. 

Ашёҳои харидорикардашуда аҳамияти таърихӣ - фарҳангӣ дошта, ҷолиби диққатанд ва барои пурра кардани коллексияи фонди осорхона заруранд. Ин ашёҳо асосан асбоби рӯзгор буда, нишона аз ҳунарҳои миллии тоҷик мебошанд.

Яке аз чунин асбобоҳои нодири рӯзгор зарфи гилин, ки барои тайёр намудани маска аз ҷурғот истифода бурда мешуд “туғла” ном дорад. Зарфи мазкурро бештар мардуми кӯҳистони Яғноб дар гузашта ва имрӯз истифода мебаранд. То ин дам дар коллексияи  соҳаи мардумшиносии осорхона чунин намуд зарфи гилин мавҷуд набуд. Ҷамъоварии чунин намуд ашёҳои нодир самара аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони илмии осорхона ба шумор меравад. 

 С. Исломова

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХаридории ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ
Scroll to Top