Наврӯз яке аз ҷашнҳо ва суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷик мебошад, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ба истиқболи ҷашн гирифтани иди Наврӯз санаи 13-уми март дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чорабинӣ баргузор гардид. Маҳфил “Зан олиҳаи ҳусн ва кадбонуи беҳтарин” унвон гирифта, дар он устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ иштирок намуданд. Донишҷӯён анъанаҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла: мӯйбофӣ, ӯсмакашӣ, хондани шеърҳои наврӯзӣ ва нишон додани либосҳои қадимаи тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз бо иштироки муҳассилини МТМУ №12 шаҳри Хуҷанд маҳфили хондани шеърҳои шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони “Булбули хушилҳоми Хуҷанд” баргузор гардид. Гурӯҳе аз хонандагон шеърҳои шоирро бо навохтани асбобҳои мусиқӣ қироат намуда, гурӯҳи дигар аз рӯзгору осори ӯ нақл карданд.
Мақсад аз баргузории маҳфилҳои мазкур таваҷҷуҳ намудани ҷавонон ва насли наврас ба эҳё ва ситоиши ҷашни Наврӯз мебошад. Зеро Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст. Халқи мо орзуву умеди худро қабл аз ҳама бо Наврӯз, яъне Соли нави анъанавии аҷдодии хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меорад.
Т. Тошматова, Н. Бузурукова
кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”