Дар Истаравшани бостонӣ ҳунарҳои мардумӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим ба вуҷуд омада, тӯли асрҳо рушду такомул ёфтааст. Вобаста ба касбу кор ҳар маҳалла (гузар) бо номи Читгарон, Оҳангарон, Мисгарон, Бофандагон, Кулолгарон ва ғайра мешинохтанд. Дар бозорҳо низ растаи алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буд. Дар онҳо нафақат маҳсулот ба фурӯш гузошта мешуд, балки истеҳсоли онро низ ба роҳ мемонданд. Дар байни тоҷикон маъмултарин ҳунари бадеӣ дар радифи ҳунарҳои кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ, ҳунари кордсозӣ маҳсуб меёфт. Ҳунари кордсозӣ касбу кори хеле нафису нозук буда, дар офариниши навъҳои корд, маснуоти кордсозӣ маҳорат ва истеъдоднокии хар фарди ҳунармандро тақозо мекард. Ин намуди ҳунар хусусияти меросиву оилавӣ доштанд. Қоидаву сирру асрор ва усули нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд аз падар ба писар мегузашт. Кордсозӣ бахши оҳангарӣ ҳунари анъанавии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, барои рӯзгори мардум намудҳои гуногуни кордҳо сохта мешуданд. Анвои корд гуногун буданд: Корди ош (тақрибан 45-50 см каҷнӯг), корди чӯпонӣ, корди қассобӣ, корди дудама ё ханҷар, ки ҳар ду тараф теғ тез кардааст, каҷкорд – барои боғдорӣ, каҷкорд – газанд корди кӯтоҳи дамкаҷ барои буридани чарм, кордхои расмии рӯзгор ва ороишӣ – армуғонӣ, инчунин шамшерҳои зебу зиннат дода шуда мебошанд.
Истаравшани бостонӣ дар радифи шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Исфара, Қӯқанд маркази ҳунармандӣ аз қабили ҳунари кордсозӣ маҳсуб меёфт. Яке аз давомдиҳандаи ин ҳунари аҷдодӣ Усто Иброҳим Мирзоев мебошад, ки анвои кордҳои сохтаи ӯ натанҳо дар Истаравшан балки дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз он хеле маъмулу машҳур гардидааст.
Усто Иброҳим Мирзоев 24 январи соли 1963 дар оилаи кордсози маъруф Усто Ҳотам Мирзоев таваллуд ёфтааст. Ҳунари кордсозӣ авлодӣ буда, то имрӯз мактаби кордсозии бобокалони ин аҷдод Усто Холмуҳаммад шуҳрати худро гум накардааст. Аз рӯи нақли усто Иброҳим, ӯ аз синни 6 – солагиаш ба дӯкони кордсозӣ назди падар рафта ёрӣ мерасонд. Равиши кордсозиро мушоҳида менамуд. Дар синни 13 – солагиаш падараш ӯро ба назди кӯраи оҳангарӣ шинонида тамоми нозукиҳои ин ҳунарро омӯзонидааст.
Албатта, омӯхтани ҳар як ҳунар бедушворӣ ба даст намеояд. Душвориҳои лаҳзаи кордсозӣ ин сохтани теғи корд дар кӯраи оҳангарӣ ва обутоб додану суфта кардани он мебошад. Усто Иброҳим бо ҳидояту дастгирии падар тадриҷан ба ин касби аҷдодӣ дил баст ва бо шавқи зиёд машғул шуд. Ҳамин тариқ беш аз 40 сол мешавад, ки ӯ бо ҳунари кордсозӣ машғул буда, зиндагиашро пеш мебарад.
Усто Иброҳим дар тӯли фаъолияти худ бо чунин тарзу услуб навъҳои кордҳоро месохт ва дар ин бора нақл намуд: Барои кордсозӣ аввал маводҳои зарурӣ: пӯлоди сафед ва сиёҳ, филиз таркибашон мустаҳкам омода карда мешуд. Сараввал дар кӯраи оҳангарӣ оташ афрӯзонда мешавад. Ҳарорати оташдон бояд дуюним ҳазор дараҷа бошад. Барои афрӯхтани оташ ангишт истифода мешуд. Барои зиёд кардани ҳарорати оташ асбоберо, ки он дами оҳангарӣ ном дошт, истифода мебурданд. Вақте, ки дастаи ин асбобро кашола карда, қисми поёнии ин асбобро ба боло ҷафс мекарданд, қисми болои он бо ҳаво пур мешавад ва дар дохили дам сарпӯшаки поёни махкам шуда, ҳавои дар боло буда, ба даруни оташдон яъне кӯра меравад ва ангиштро мешукуфонад. Баъди пӯлодро тафсонидан онро бо болға дар сандон мекӯбанд. То ин ки мавод обутоб ёбад ва ҳамон қадар шира гирад, яъне таркибаш зич мешавад. Асосаш дар ҳамин, ки теғ қат намешавад ва намешиканад. Оҳиста – оҳиста бо зарбаи хоис (болға) пӯлод намуди теғро мегирад. Қисмҳои асосии корд даста, гулӯбанд ва теғ мебошад. Теғи корд бештар аз пӯлод, гулӯбандаш аз маводҳои мис, биринҷӣ ва қалъагӣ сохта мешуд. Барои сохтани дастаки кордҳо асосан аз шохҳои оҳу, буз, гов, дандони фил истифода мебаранд. Дар замони ҳозира маводҳои пластикиро низ истифода мебаранд. Барои сохтани гулӯбанд пештар қалъагӣ кам буд ба ҷои он мис кор мефармуданд. Аз рӯи илми тиб, гулӯбандро барои тозагиро нигоҳ доштан месохтанд. Кордро ба воситаи сӯян (суҳон) сайқалу суфта карда ороиш медиҳанд, баъд аз ороиш ба воситаи қаламҳои гулканӣ рӯи гулӯбандро нақшу нигор мекарданд. Барои пурра ва алоҳида намудор шудани нақшҳо, ҳар гуна рангҳои локӣ истифода бурда мешуд. Пас аз он нӯгҳои теғ ва дастаҳоро суфта карда баъд ба рӯи теғ зок (купорос, - пештар кафшдӯзон барои сиёҳ кардани чарм зокро кор мефармуданд) медиҳанд, то ин ки дар рӯи теғ ҳар гуна доғ боқӣ намонанд.
Усто Иброҳим дар раванди кордсозӣ асбобҳои оҳангарӣ: кӯра, дами оҳангарӣ, саноги дам, – анбӯри махсус, каҷанбӯр, гиро, кундаи чӯбӣ, анбӯри даҳонаш ростак, анбӯри даҳонаш ҳамвор (пачақ), қайчӣ, болғаҳои гуногун (калону майда), сандон ва ғайраро истифода мебарад. Усто Иброҳим ба тавассути чунин асбобҳо фаъолият намуда, намудҳои гуногуни кордро моҳирона ва пурҷозибанок офаридааст ва он мақбули ҳамагон гардидааст. Ин касб барои мо аҷдодӣ аст, - мегӯяд Усто Иброҳим Мирзоев. Бобокалонамон усто Холмуҳаммад ин касбро омӯхта зиндагиашонро пеш бурдааст ва баъд ба бобоям Усто Мирзо, бобоям ба падарам, падарам ба ман омӯзонидаанд. Яке аз авлодони усто Иброҳим Мирзоев Ҳоҷӣ Султон Нормуҳаммадов мебошад, ки худро насли 5-уми ин авлод меҳисобад ва дар ривоҷи ин ҳунари аҷдоди саҳмгузор аст. Усто Иброҳим ифтихор аз ин дорад, ки ду фарзандаш Бахтиёр ва Ихтиёр касби аҷдодиро давом дода истодаанд. Моҳи сентябри соли 2009 дар Истаравшан Коллеҷи ҳунарҳои мардуми кушода шуд, ки дар он усто Иброҳим баҳри касбомӯзии наврасон ҳамчун роҳбари гурӯҳи кордсозӣ фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Алҳол усто Иброҳим Мирзоев дар корхонаи хусусии аз падараш меросмонда бо ҳамроҳии ду писараш бо кордсозӣ машғул аст ва касби бобоиро бо ифтихор давом дода истодаанд.
Маҳсули меҳнати ӯ, яъне анвои кордҳои сохтаи ӯ дар як қатор намоишу ярмаркаҳо, озмунҳои шаҳру навоҳии вилоятӣ, ҷумҳурӣ ва фестивалҳои байналмиллалии Руссия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Олмон намоиш дода шудааст. Усто Иброҳим Мирзоев барои саҳмгузорӣ ва комёбиҳо дар пешбурди ҳунармандӣ бо якчанд диплому сертификатҳо, ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд, тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шудааст. Иброҳим Мирзоев узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар айни ҳол маснуоти сохтаи ӯ дар намоишгоҳҳо ва фурӯшгоҳҳои кишвар вомехӯранд, ки ҷиҳати санъаткориаш ҳар як бинандаро ба ваҷд меоранд.
Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади ғанигардонии коллексияи ҳунарҳои мардумии махзани осорхона ва тарғибу ташвиқи он 25 адад намудҳои гуногуни кордҳои усто Иброҳим Мирзоевро харидорӣ намудааст. Кордҳои сохтаи ӯ дар якчанд намоиши сайёр ва намоиши осорхонавӣ барои тамошобинон пешкаш гардидааст.
Хуллас, зарур аст, ки падидаҳои беҳтарини осори ҳунарҳои мардумӣ, маданияти моддии таърихи кишварамонро манзури аҳли ҷомеа гардонем. Ҳар фард бояд аз олами меросу фарҳангӣ худ огаҳӣ дошта бошад.
Кори таҳқиқу ҳифз ва тарғибу ташвиқи осори ҳунари кордсозиро ҳамчун мероси миллии ниёгонамон эҳё гардонем ва такмил диҳем ва ҳунармандони мардумиро дастгирӣ ва қадр намоем.
Н.Олимова
ҷонишини омир оид ба корҳои
илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"