Яке аз китоби арзишмандтарини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин дастхатти “Анвори ҳикмат”-и Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Ҳиравӣ аст, ки то кунун дар ҷомеаи илмии кишвар, махсусан хуҷандшиносӣ камтар маъруфият дорад. Албатта дар феҳристҳои нусхаҳои китобхонаҳои гуногуни олам бо ин китоб бархӯрдан мумкин аст. Асари мазкур бо забони форсӣ навишта шуда, хатташ настаълиқ мебошад. Нусха мавриди таҳлил аз 221 саҳифа иборат буда, соли 1835 милодӣ ба табъ расидааст. Китоб дорои 3 рисола буда, ҳар як рисола аз фалсафаҳои ҷудогона иборат аст, ки бо ранги сурх ишора шудааст. Дар китоб ҷо-ҷо ашъор низ истифода шудаанд, ки мисли пораҳои насрӣ паиҳам навишта шудаанд. Баъди итмоми ҳар рисола, ки дар китоб ба ҳайси боб хидмат мекунад ду саҳифаи холӣ омада, сипас ҳар рисолаи ҳамчун асари алоҳида иншо шудану баёни мавзӯи меҳварии он оғоз мешаванд. Ду рисолаи аввали китоб мавзӯи асосии он – андарзу ҳикматро фаро гиранд, аммо рисолаи сеюм шомили қиссаи дарвешон аст, ки аз нигоҳи тарзу услуб ба насри ривоятӣ, махсусан ба “Чор дарвеш” монандӣ дорад. Рисолаи нахуст аз 56 саҳифа, рисолаи дуюм аз 61 саҳифа ва рисолаи сеюм аз саҳифаи 117 то 221-ро фаро гирифта, аз калонтарин бахши китоби мазкур аст. Андозаи китоб 21х13 буда, ҳолаташ хуб ва комил мебошад.
М.Бойматова
корманди илмии шӯъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”