Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи матбуоти тоҷик

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола санаи 11-уми март дар саросари кишвар аҳли қаламу сухан ин рӯзро ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик истиқбол менамоянд.

Ин рӯз ба якумин нашрияи аввалин рӯзнома, ки бо номи “Бухорои шариф” дар Осиёи Марказӣ маъмул буд, рост меояд. Нахустшумораи “Бухорои шариф” рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро аз чоп баромадааст. “Бухорои шариф” умри зиёд надида, аллакай 1-уми январи соли 1913 аз байн меравад. Фақат дар соли 1918 як гурӯҳи коммунистони Бухоро нашри маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб”-ро ба тоҷикӣ ба роҳ андохтанд, ки низ баъд аз чанд шумора мутаваққиф шуд. Соли 1924 “Овози тоҷик”, ки феълан ҳам дар Тошканд бо ҳамин ном нашр мешавад, “Иди тоҷик” ва “Бедории тоҷик”, пешгузаштаҳои “Ҷумҳурият”-и кунунӣ, вориди майдон мешаванд.

Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки нашри солҳои 1928-1929 аст, маҳфуз буда, андозааш 44х60 см мебошад. Бояд гуфт, ки даҳ шумораи аввали рӯзнома бо номи «Овози тоҷики камбағал» нашр гардида буд.

Дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронида, марҳалаи ниҳоят душвори таърихиро тай намуд, аҳли соҳаи табъу нашр ва матбуоти кишвар ҳамеша ва пеш аз ҳама баҳри он кӯшида истодаанд, ки тавассути каломи чопӣ моҳияту аҳамияти истиқлолиятро ба мардуми кишвар фаҳмонанд. Ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандонро густариш дода, симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таърих, фарҳангу тамаддуни беш аз панҷҳазорсола, имкониятҳои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, захираҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро баҳри бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷаҳониён тавассути нашри китоб ва воситаҳои ахбори омма муаррифӣ кунанд. Ба ин мақсад соле садҳо номгӯи китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ғайра ба табъ расида, дастраси зиёди хонандагон мегарданд.

         

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзи матбуоти тоҷик
Scroll to Top