Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми модарон ва хоҳарони меҳрубонро ба муносибати ҷашни фархунда – Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарони мамлакат тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамояд.
Дуруд ва ҳамду сано ба Модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин!
Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!