Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Модар – хуршеди зиндагист

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи Модар дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо иштироки занҳои фаъоли вилоят ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, ғолибону иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, донишҷӯён, - таҷрибаомӯзони факултаи забонҳои хориҷӣ, устодону донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқи Муассисаи таълимии давлатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд ҳузур доштанд.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И. Иброҳимов ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо фарорасии ин иди бошукӯҳ Рӯзи Модар шодбош намуданд. Инчунин, дар суханронии худ таъкид бар он намуданд, ки Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шуда, ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидааст.

Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем.

“Зан тимсоли зебоӣ”– таҳти ин мавзӯъ Ф. Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, “Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст” – бо чунин мавзӯъ Қодирова Ф. – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд маърӯза намуданд.

Лаҳзаи мусиқӣ дар иҷрои ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” Худоймерганов Камолиддин ба чорабинӣ ҳусни тозае бахшид.

“Модарон сарчашмаи меҳру зиё”- таҳти ин унвон С. Фаттоева – иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар МТМУ №3 ноҳияи Спитамен, муаллифи маҷмӯаҳои “Афсонаи модаркалон” ва “Меҳрнома”, таҳти мавзӯи “Модар - биҳишти орзуҳо”- Ш. Сайфиева – роҳбалади Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Ҳамчунин дар қисми адабӣ – бадеӣ иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” баромад намуданд:

  1. Расулӣ Самия – тарбиятгирандаи кӯдакистони №33 шаҳри Хуҷанд;
  2. Фаттоева Ӯғулҷон – хонандаи синфи якуми МТМУ №3 ноҳияи Спитамен;
  3. Муллобоева Зебоҷон – магистранти МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;
  4. Саидов Исмоилҷон – корманди МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”.

Бояд зикр намуд, ки бахшида ба ин чорабинӣ дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ бо истифода аз китобҳои китобхонаи илмии осорхона созмон дода шуд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пеш аз ҳама модарону хоҳарони тоҷикро табрик намудан ва барои наврасону донишҷӯён ва фарзандони миллати худ омӯхтани эҳтирому ҳурмати модарон мебошад.

Бузурукова Наргисахон

Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМодар – хуршеди зиндагист
Scroll to Top