Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст.
Ҳарчи дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз Офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Дар ҳақиқат зан-модар мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст.
Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд,аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.
Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир беҳуда нагуфтаанд: “Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст”. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ва бо ҳамин маъни Сарвари кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд:
“Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.
Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик- ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Зани боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурданд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Аз ин рӯ донистани қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди боору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан – модар ёд карда, пеши азамати бузургии зан сари таъзим фуруд овардаанд.
Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.
Ш. Сайфиева
роҳбалади Осорхонаи таърихии
вилоятии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”