Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нӯъмон Неъматов – бунёдгузори Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Нӯъмон Неъматов яке аз олимони забардаст ва номдори кишвар, бостоншиноси барҷаста, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмонии кишвар, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буданд, ки дар эҳёи таърихи миллат, барқарор намудани мақом ва манзалати он саҳми арзанда гузоштаанд. Нӯъмон Неъматов 5-уми марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, мактаби миёнаи зодгоҳ ва соли 1948 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро (ҳозира Хуҷанд) бо ихтисоси муаллими таърих хатм намудаанд. Соли 1948-1953 таҳти сарварии шарқшинос ва бостоншиноси маъруф А.Ю. Якубовский дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Ленинград корҳои тадқиқотии бурда, рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Нӯъмон Неъматов аз соли 1953 ба ҳайси корманди калони илмии бахши археологияи Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, тамоми умри худро бо ҳамин боргоҳи илм пайвастааст. Дар ҳамин маснод ӯ аз соли 1954 сардори гурӯҳи бостоншиносии шимоли Тоҷикистон таъин мегардад.

Солҳои 1971-1999 мудири шӯъбаи таърихи ҳамин пажӯҳишгоҳ буд. Дар як вақт сардори экспедитсияи комплексии археологии шимоли Тоҷикистон (аз соли 1974), директори мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор (1990-1993), сардори Маркази тадқиқоти гумонистории ЮНЕСКО-и назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба ҳисоб мерафт.

Нӯъмон Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати қадимаи Истаравшан буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти димнаи пойтахти ин давлат шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Истаравшани бостонӣ ошкор карда шуданд. Хидмати академик Нӯъмон Неъматов дар омӯхтани таърихи Хуҷанди қадима беназир аст. Маҳз ба туфайли ҷонбозиҳои ӯ таърихи беш аз 2500- солаи ин шаҳри аҷдодӣ маълум гардид.Нӯъмон Неъматов пажӯҳишгори варзидаи таъриху тамаддуни давлати Сомониён ва проблемаҳои этногенези халқи тоҷик мебошад. Яке аз муаллифони асари сеҷилдаи (иборат аз панҷ китоб), «Таърихи халқи тоҷик», китоби дарсии «Таърихи РСС Тоҷикистон» буда, китобҳои «Давлати Сомониён», «Ҳориқаи тоҷикон» (Феномен таджиков), «Средневековый Шаҳристан», «Ариана и Арионведжа»-ро офарид. Дар маҷмӯъ ба қалами ин олими маъруф беш аз 750 мақола ва тезисҳои илмӣ тааллуқ доранд.

Нӯъмон Неъматов ҳамчун иштирокчии конфронсҳои байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медод, ки саҳми миллати тоҷикро дар ташакули тамадуни инсонӣ собит созад. Дар таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён саҳми арзанда гузоштааст. Устод Нӯъмон Неъматов мактаби илмии худро соҳиб буд. Таҳти роҳбарии ӯ даҳҳо докторҳо ва номзадҳои илмӣ тарбия ёфта, дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик устоди худро пайгирӣ менамояд.

Хизматҳои барҷастаи академик Нӯъмон Неъматов бо унвони баланди Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидааст. Омӯзиши илмии осори бостонии қалъаи шаҳри Хуҷанд ва маҳаллаҳои таърихии он соли 1954 бо ташаббуси устод Нӯъмон Неъматов оғоз ёфт ва ин марҳила соли 1986 бо ҷашнгирии 2500- солагии таъсиси шаҳри Хуҷанд анҷомид.

Маҳз бо ташаббуси академик Нӯъмон Неъматов дар арафаи ҷашнгирии 2500-солагии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) 27-ноябри соли 1986 дар шафати девори шарқии қалъа осорхонаи аввалини бостоншиносӣ ва истеҳкомотии шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд. Дар толорҳои намоишии он бештар бозёфтҳое, ки  ҳангоми гузаронидани ҳафриёт дар Қалъаи Хуҷанд ба даст омада буд, ба намоиш гузошта шудааст. Толори осорхона ба таври замонавӣ азнавсозӣ карда шуда, бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Ғаффорӣ Н.А. ва муовини вазири вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров О.О. ифтитоҳ ёфт.

Моҳи марти соли 2017 90-солагии бостоншиноси барҷаста, академики Академияи Илмҳои Тоҷикистон, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмони кишвар, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Неъматов бо баргузории конфронси илмӣ таҳти унвони «Академик Нӯъмон Неъматов ва тамаддуни Суғдиён» ҷашн гирифта шуда, бо дархости Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва дастгирии комиссияи номгузории МИҲД-и шаҳри Хуҷанд дар бораи номгузории “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд” ба номи академик Нӯъмон Неъматов тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум аз санаи 28 июни соли 2017, №208 пешниҳоди комиссияи номгузории шаҳри Хуҷанд «Дар бораи номгузорӣ намудани номи Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» тасдиқ гардид ва номгузорӣ карда шуд.

М. Баротова

роҳбалади Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти 

шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНӯъмон Неъматов – бунёдгузори Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд
Scroll to Top