Ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихӣ афсарону сарбозон саф ороста, таҳти навои оркестри нафасии қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ҳарбиро иҷро намуданд.
Чорабинӣ бо қироат намудани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ мутахассиси маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, муовини раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Хуҷанд ва вилоят, афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён - таҷрибаомӯзони факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Чорабиниро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И. Иброҳимов ифтитоҳ бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, оид ба нақши Артиши миллӣ дар кафолати амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум баромад намуд. Пас аз муаррифии меҳмонон мутахассиси маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд Зокирбоев Ғуфрон таҳти мавзӯи “Артиши миллӣ – рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ”, Шавкат Шарипов – ҷанговар-интернатсионалист, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Истиқлолият” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуданд.
Дар рафти чорабинӣ Амриддин Сидиқов - хонандаи синфи панҷуми Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил суруди “Ватан”-ро барои болидахотирии иштирокдорон иҷро намуд.
“Мавқеи занон дар Артиши миллӣ” бо чунин мавзӯъ майор Олимҷонзода Гулчеҳра – афсари калон оид ба тарбия дар қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти мавзӯи “Артиши миллӣ - симои миллат ва бақои умри давлат”- Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи таърихи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Баромади адабии муҳассилини Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил ва сароидани суруди “Ватан” дар иҷрои сержант Мирзоев Шоҳон ба чорабинӣ ҳусни тозае бахшид.
Ҳамчунин, дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ гӯшаи намоишӣ созмон дода шуда, дар он ҳуҷҷатҳои собиқадори қӯшунҳои сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Ҳомидов Абдуҷабор ба маърази тамошо гузошта шуд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ҳамеша омода будан ба ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Зеро ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як фард мебошад.
Бузурукова Наргисахон
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд"