Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Василий Серватюк ва роҳбарияти ҶДММ “Днепроэнергостал”-и Украина аз Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро масъулон дар даромадгоҳи осорхона хуш пешвоз гирифтанд. Ба меҳмонон аз ҷониби роҳбаладони ботаҷриба сайри илмии осорхонавӣ гузаронида шуд. Меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз наздик шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон огоҳ гардиданд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро изҳор доштанд :
“С огромной благодарностью за профессионализм и вдохновение. Экспозиция достойна самой высокой оценки.
С уважением НПП «Днепроэнергосталь»
Генеральный директор
Осипенко Вадим Валерьевич”