Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ШАҲОБУДДИН АМЪАҚИ БУХОРОӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

          Шаҳобуддин Амъақи Бухороӣ аз шоирони машҳури охири асри XI ва оғози асри XII мебошад, ки дар замони Султон Санҷар умр ба сар бурда ва бо ў робитаи қавӣ доштааст. Номи пурраи ў ба забти баъзе унвонҳои ифтихорӣ Амирушшуаро ё Мавлоно Абуннаҷиб Шаҳобуддин Амъақи Бухороӣ мебошад. Низоми Арўзии Самарқандӣ соли вафоти ўро тақрибан 543/1148 донистааст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки аз ҷумлаи тазкиранигорони маъруф ҳастанд, дар китоби худ соли таваллуд ва соли вафоти Амъақро зикр накардаанд, аммо дар дигар сарчашмаҳо соли таваллуд ва соли вафоти Амъақ бо каме тағйирот дида мешавад, аз ҷумла, дар муқаддимаи «Девон»-и нашршудаи худи шоир ва «Донишномаи адаби форсӣ» соли 440/542 – 1048/1147 дарҷ гардидааст. Тахаллуси ўро бархе «Амиқ» ё «Амиқӣ» гуфтаанд, вале гўё тахаллусаш дар асл «Ақъақ» (яъне: мурғи ҳушёр) буда, баъдан бо мурури замон тавассути нассох ба «Амъақ» табдил ёфтааст.

         Вазъи оилавии Амъақ дар ягон сарчашма ба таври муфассал наомада, аммо дар баъзе аз онҳо танҳо номи писараш омадааст. Бино ба маълумоти «Деҳхудо» ва «Маҷмаъу-л-фусаҳо» номи писари шоир Ҳамид ё Ҳамидӣ ва ё Ҳамидуддин мебошад. Ба ишораи ин сарчашмаҳо Ҳамидуддин низ мисли падар шоири тавоно буда, Сўзании Самарқандиро ҳаҷв кардааст, аммо аз кунияти ў бармеояд, ки Амъақ писар дигар ҳам доштааст бо номи Наҷиб ва аз ин лиҳоз кунияти ўро Абуннаҷиб гуфтаанд.

         Амъақи Бухороӣ шоири тавонои замони худ ба ҳисоб мерафт. Ў бо шоирони баландмартабаи ҳамасри худ, ба монанди Рашидуддини Ватвот, Абдуссаййиди Рашидӣ, Абўтоҳири Хотунӣ ва ғ. робитаи зич дошт. Ў пас аз касби донишҳои роиҷи замон дар зодгоҳи худ, соли 460/1067 ба қасди пайвастан ба дарбори Оли Хоқон ба Самарқанд сафар кард. Ба қавли муҳаққиқон Амъақ дар қасида сабки наздик ба сабки Унсурӣ ва Масъуди Саъди Салмонро доштааст. Бино ба маълумоти соҳиби «Чаҳор мақола» Амъақ ба Оли Хоқон мансубият дорад ва ба Султон Хизир Иброҳим (474/1082), ки султони Хоқониён буд, хидмат кардааст. Амъақ дар дарбори Хизир Иброҳим, ба унвони баланди «Амирушшуаро»-и Оли Хоқон расидааст. Ба сабаби мақоми маънавии баланд доштани Амъақи Бухороӣ нисбат ба дигар шоирону олимони замони худ ва дигар олимҳо байни ў ва Абдуссаййиди Рашидӣ – шахсияти дигари бузурги замони шоир, зиддият пайдо шуд. Сабаби ихтилофи байни Амъақи Бухороӣ ва Абдуссайиди Рашидиро Низомӣ Арўзии Самарқандӣ чунин нақл кардааст. «Рўзе Хизрхон, чигунагии шеър ва эҷодиёти Абдуссаййид Рашидиро аз Амъақ пурсид, ки «Шеъри Рашидро чун бинӣ? Гуфт: - Шеъре бағоят нек, мунаққо ва мунаққеҳ. Аммо қадаре намакаш дармебояд» ва Хизрхон суханони Амъақро ба Рашидӣ мерасонад, Рашидӣ баъди шунидани ин сухан, ба ҷавоби Амъақ қитъаи истеҳзоомезе мегўяд.

         Рашидуддини Ватвот, Сўзании Самарқандӣ ва Абўтоҳири Хотунӣ ўро ҳамчун устоди худ ҳисобида ҳунари ўро марсиясароӣ сутудаанд. Чунончи, дар боло зикр намудем, Амъақи Бухороӣ бо Султон Санҷар қаробат дошта ва ҳатто дар марги духтари Султон Санҷар – Моҳмаликхотун, ки дар ҳиболаи Султон Маҳмуд ибни Муҳаммад ибни Маликшоҳ буд, Султон Санҷар аз Амъақ хост, то марсияе дар васфи Моҳмаликхотун иншо намояд. Амъақ, ки дар он замон оҷизу нотавон гашта буд, аз қасидаи мутаввал худдорӣ намуд ва ин абёт бигуфт:

Қитъа:

Ҳангоми он ки гул дамад аз саҳни бўстон,

Рафт он гули шукуфтаву дар хок шуд ниҳон.

Ҳангоми он ки шоху шаҷар нам кашад зи абр,

Бе об монд наргиси он тозабўстон. 

         Чунонки аз зиндагиномаи ў бармеояд, ў шоири қасидасарои машҳур буда, то имрўз якчанд нусхаҳои хаттӣ ва девонҳои чопии Амъақ дар китобхонаҳои ҷаҳон боқӣ мондааст, ки зикри баъзеи онҳо ин ҷо бамаврид аст: Нусхаи китобхонаи «Маҷлис» (№2324), нусхаи китобхонаи «Миллӣ»-и Теҳрон (№3/131), нусхаи китобхонаи «Миллӣ»-и Табрез (№2760), нусхаи китобхонаи «Порис» (№1/799) ва ғ. Ҳамчунин, девони шоир ду маротиба нашр шуда, ки бори аввал соли 1347/1928 аз тарафи Саид Нафисӣ суръат гирифта, нашри дувуми девонро Алиасғари Шаъбонлу соли 1388/1968 ба анҷом расонидааст. Мутаассифона, то ҳол дар ватани мо девони Амъақи Бухороӣ мунташир нагардидааст, аммо умедвор ҳастем, ки муҳаққиқони мо низ девони ин шоири адабпарварро мунташир ва пешкаши ҳаводорон мегардонанд.

         Амъақ аз ҷумлаи шоирони нотакрор, нозукбаён ва нуктасанҷ буда, то имрўз ашъори гаронбаҳои ў вирди забони хосу ом мебошанд. Амъақ  тавонист яке аз шоирони номвар ва муваффақи замони худ гардад ва дили шоҳону салотинро ба даст оварад. Бо баробари навиштани мақолаи мазкур хостем ба халқи азизамон муроҷиат намоем, то «Девон» ва ё «Маҷмўа»-и ашъори  Амъақи Бухороӣ (чӣ дар шакли хаттӣ ва чӣ дар шакли чопи сангӣ) мавҷуд аст, ба МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд», ки имрўз муассисаи номбурда барои ҷамъоварӣ намудани китобҳои нодир камари ҳиммат бастааст, пешниҳод намоянд. Мо хостем дар охири ин мақола яке аз қасидаҳои машҳури ўро пекаши хонандагон гардонем.

Агар мўре сухан гўяд в-агар мўе равон дорад,

Ман он мўри сухангўям, ман он мўям, ки ҷон дорад.

Танам чун сояи мўй асту дил чун дидаи мўрон,

Зи ҳаҷри ғолиямўе, ки чун мўрон миён дорад.

Агар мар обу оташро макон мумкин бувад мўе,

Ман он мўям, ки ҳам тўфону дўзах дар миён дорад.

Агар бо мўру бо мўе шаборўзе шавам ҳамраҳ,

На мўр аз ман хабар ёбад, на мўй аз ман нишон дорад.

Ба чашми мўр даргунҷам зи бас зориву бас сустӣ,

Агар хоҳад маро мўре ба мў андар ниҳон дорад.

Ман он мўрам, ки аз зорӣ маро мўе бипўшонад,

Ман он мўям, ки аз сустӣ кам аз мўре тавон дорад.

Манам чун мўр аз андўҳ, аз ҳар мўи хунафшон,

На мўе, к-ў гиреҳ гирад, на мўре, к-ў равон дорад.

 

Туробов И.

Корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШАҲОБУДДИН АМЪАҚИ БУХОРОӢ
Scroll to Top