Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷамъбасти Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...” ва Озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади иҷрои ҷадвали фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷамъбасти Фестивали вилоятии заргарӣ “Ҳунар омӯз...” ва озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ 16 нафар ҳунармандон ва 8 нафар сангтарошон-кошинкорони шаҳру навоҳии вилоят, ки дар озмуни шаҳрӣ ғолибият ба даст оварда буданд, иштирок намуда, беҳтарин маҳсулоти ҳунарҳои ороишӣ аз санг ва заргарии ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Чорабиниро муовини якуми Раиси вилояти Суғд Х.Ҳайдар ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар заминаи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон МИҲД-и вилоят баҳри муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ. Фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани саҳми соҳа дар рушди иқтисодии миллӣ ва сатҳи некӯаҳволии мардум тамоми нерӯ ва захираҳоро истифода хоҳад бурд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ И.Асадуллозода - намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори корхонаи воҳиди давлатии “Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ” суханронии пурмуҳтаво намуд. Ӯ қайд намуд, ки гузаронидани озмуни мазкур баҳри тарғибу ташвиқи миллат, табиат ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулотҳои ороиши санг, рушди соҳаи заргарии миллӣ, коркарди ороишию қиматбаҳо ва омезиши онҳо бо дастоварди давлатҳои пешрафта дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи давлатии вилоятии Суғд бо диплому сипосномаҳо ва мукофотпулӣ аз 1000 то 3000 сомонӣ сарфароз гардиданд. Дар Фестивал аз рӯи номинатсияи заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...” ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд Мастона Раҳимова бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3 000 сомонӣ сарфароз гардид. Ҷои дуюм ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва сеюм ба ҳунарманди ш.Мастчоҳ дода шуд.

Дар озмун аз рӯи номинатсияи “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ҷои аввал ба Ҷамшед Ҳасанов аз ш.Истиқлол, ҷои дуюм ба сангтарош-кошинкор аз шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм ба ш.Истаравшан дода шуд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона 12 нафар иштирокдорон бо Сипосномаҳои МИҲД-и вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини заргарии миллӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги заргарӣ, арҷгузорӣ ба меҳнати истеҳсолкунандаи маснуотҳои миллӣ ва муаррифии навъҳои гуногуни санъати тоҷик мебошад.

 Бузурукова Наргисахон

корманди МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶамъбасти Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз...” ва Озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг”
Scroll to Top