Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Тазкирату-ш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мероси хаттӣ баъд аз таъсис ёфтан дар баробари машғул будан ба вазифаи асосӣ ва мустақими худ ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, тавсиф ва таҳияи феҳрести нусхаҳои хаттии ганҷинаи дастнависҳои фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, инчунин барои таҳқиқ, омӯзиш ва ба нашр омода кардани дастхатҳои нодири ин ганҷина кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Натиҷаи фаъолияти босамари кормандони шӯъба ин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ як силсилаи бисёр осори муҳим ва нодири бузургони илму адаби гузаштаи мо бо тасҳеҳу таҳқиқи илмии дақиқ ба чоп расонида, дар ихтиёри алоқамандон гузошта шудааст, ки дар ин миён баъзеи онҳо бори аввал аз қайди дастхат баромада қобили табъу нашр ва истифодаи умум қарор гирифтааст.


Яке аз китоби нодир ин дастхатти “Тазкирату-ш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ мебошад, ки дар экспозитсияи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ба намоиш гузошта шудааст. Китоб бо забони форсӣ ва хатти настаълиқ навишта шуда, андозааш 25х16 мебошад. Нусха аз ҷумлаи муҳимтарин сарчашмаҳои маърифати адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути ин сарчашма садҳо асари илмӣ-адабӣ маҳфуз мондааст. Тазкираи мазкур илова бар фоидаи адабӣ, дар маърифати осори илмӣ, рӯйдодҳои таърихӣ, кишваршиносӣ ва вазъи сиёсиву иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр дар асри XV маълумоти арзишмандро дар худ дорад. номи фаслу боб, оятҳо, вожаи “байт” бо хатти сурх китобат гардидааст. Асар аз 214 саҳ. иборат буда, соли 1639 мелодӣ ба табъ расидааст.

Бояд тазаккур дод, ки нусхаи мазкур аз тарафи кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ба пуррагӣ баргардонида шуда, дар тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ қарор дорад.

Мавҷуда Бойматова

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Тазкирату-ш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ
Scroll to Top