Ҳафтаи гузашта зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сайри илмии таърихӣ анҷом дода, аз таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Дар фарҷоми боздид ҷаноби сафир М. Тарран дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро изҳор дошт.
Вобаста ба боздиди сафир мо хостем аз таърихи робитаҳои фарҳангиву адабии тоҷику фаронсавӣ хотиррасон намоем. Инак мутаваҷҷеҳ бошед:
Равобити адабии тоҷику фаронсавӣ таърихи қадима дорад. «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, ки Андре де Рие ба забони фаронсавӣ тарҷума кард (1634), кулли хонандагони Аврупоро бо ақлу хиради машриқиён ошно намуд. Чанде аз ҳикоятҳои «Гулистон» барои масалҳои Жан Лафонтену ҳикоятҳои Талман де Рео манбаъ гаштанд. То охири асри XVIII Саъдӣ ягона адиби писандидаи фаронсавиён аз адабиётҳои Шарқ буд. Фаронсавиён ӯро чун устоди ахлоқ пазируфтанд.
Дар асри XVIII фаронсавиён дар соҳаи омӯзиши адабиёти бостонии мардуми эронӣ корҳои бузургеро анҷом доданд. Анкетил Дюперрон Авесторо ба фаронсавӣ гардонд (1771).
Аз охири асри XVIII мусташриқони Фаронса ба омӯзишу тарғиби адабиёти форс-тоҷик ҷиддан машғул шуданд. Тавассути заҳмати Луи Ланглею Силвестер де Саси хонандагон бо осори Фирдавсию Аттор ва Саъдию Ҳофиз шинос гардиданд. Соли 1807 тарҷумаи фаронсавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (мутарҷим Шези) дар ду китоб нашр гардид ва байни шоирони романтик чун асари романтикӣ шӯҳрат ёфт. В. Гюго на танҳо дар маҷмуаи шеърҳои «Оҳангҳои шарқӣ», балки дар дигар асарҳояш низ аз Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ёд кардааст. «Шоҳи Форс» ном шеърашро ба «булбулони Шероз» бахшиду «Фирдавсӣ» ном сурудашро ба васфи офарандаи «Шоҳнома». Дар тавзеҳоти китоби «Оҳангҳои шарқӣ» эҷодиёти Фаридуддини Аттору Ҷалолуддини Румиро сифат намудааст.
Дар Фаронса на танҳо адабиёти гузаштаи форс-тоҷик, балки асарҳои адибони муосири мо низ шӯҳрату эътибор доранд. Нахустин тарғибгарони адабиёти имрӯзаи тоҷик нависандагони фаронсавие буданд, ки ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Масалан, дар Анҷумани I нависандагони Тоҷикистон рӯзноманигори фаронсавӣ Пол Низай иштирок дошт. Фаронсавиён ба омӯзишу тарҷумаи адабиёти муосири тоҷик аз солҳои 50, пеш аз ҳама ба эҷодиёти устод Айнӣ рӯй овардаанд. Ба ин кор нахустин бор Луи Арагон машғул шуда, дар китоби «Адабиёти советӣ» фаслеро ба адабиёти тоҷик, аз ҷумла ба эҷодиёти С. Айнӣ бахшид ва аз «Ёддоштҳо» пораеро бо унвони «Тантанаи адолат» тарҷума кард. Ба таъбири Арагон Садриддин Айнӣ «Горкийи тоҷикон» аст ва ба туфайли «Марги судхӯр» дар радифи Балзак, Шекспир, Гёте барин адибони ҷаҳоншумул меистад.
Хонандагони фаронсавӣ бо А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода низ шиносанд. Соли 1935 устод А. Лоҳутӣ ба Париж рафта, дар Конгресси байналхалқии ҳимояи маданият суханронӣ кард. Вай дар он ҷо бо Л. Арагон шинос шуд.
Бисёр мақолаҳои публитсистию шеърҳои М. Турсунзода тавассути маҷаллаю рӯзномаҳои «Адабиёти советӣ», «Эвр е опинйон» ва ғ. дастраси хонандагони фаронсавӣ гаштаанд.
Дар таърихи равобити адабии тоҷику фаронсавӣ нашри китоби «Ситораҳои Бурҷи Эйфел» (1982) аз воқеаҳои муҳими адабӣ ба шумор меравад. Бори нахуст хонандаи тоҷик имкон пайдо кард, ки бо намунаҳои ашъори бист шоири асрҳои XIX-ХХ аз қабили Л. Мишел, Ш. Бодлер, А. Рембо. П. Верлен, Л. Арагон, Б. Сандрар ва дигарон ошно шавад.
Баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шуданд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.
Ҳамчунин дар радифи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа ва ниҳодҳои қудратии ҳар ду кишвар, ҳамоишҳои соҳибкорони ду давлат, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд.
25-солагии барқарорсозии робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар моҳи марти соли 2017 тавассути табодули табрикномаҳо ҷашн гирифта шуд.
Ёдгори Аслиниссо
мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва
робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”