Намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Кочконов Казибек ва ҳайати ҳамроҳонаш зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон огоҳ гардиданд. Соли 2019 низ котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шанхай Владимир Норов меҳмони муассисаи мо гардида буд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда мебошад ва тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, амал мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб меравад.
26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон "Панҷгонаи Шанхай" ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид.
Мулоқоти сарони кишварҳо маротибаи аввал 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав, маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 - 26 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли масъалаҳои манотиқи сарҳадӣ муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай дар шаҳри Душанбе 5 июли соли 2000 баргузор гардидааст.
Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда ба ҳисоб меравад. 9 июни соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон низ ба узвияти СҲШ қабул гардиданд.
Ёдгори Аслиниссо
мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита
бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”