Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Анису-л-воизин»

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Қавмҳои ориёӣ, ки тоҷикон низ аз ҷумлаи онҳоянд, ҳанӯз се ҳазор сол қабл аз ин соҳиби китоб буданд. Бинобар ҳамин, таълиф шудани матни китоби муқаддаси оини Зардуштӣ - «Авасто», ёдгориҳои хаттии давраи Сосониён, осори хаттии ба забонҳои форсии қадим, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва ғ, намунае аз осори бойи таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Аз асри VIII то асри XIX ҷараёни таълифи китоб самти дигаргунатар гирифт ва аз ин ба баъд мо осори зиёди ба таври хаттӣ, китобатгардида ба мерос дорем. Осори хатии назмию насрӣ: баёзу, ҷунгу, девону, маснавию достонҳо ва амсоли инанд.

Дар даврони истиқлолият барои миллати тоҷик ҳамаи дарҳои омӯзишу таҳқиқ боз гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар баромадҳои худ роҳбарони муассисаҳои таълимиро таъкид бар он мекунанд, ки муносибати хонандагонро бо хондани китоб ва азёд намудани порчаҳои назмию насрӣ тарғиб намуда, ҳавасманд созанд. Дар партави ин сиёсати фарҳангофарину миллатсоз мо муҳаққиқон низ бояд барои омӯхтан ва таҳқиқ намудани ҳама осори хаттӣ кӯшиш намоем ва ба ин восита фарҳангу тамаддуни худро пос дорем. Имрӯз дар Осорхонаи таърихии МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» осори таҳқиқнашудаи зиёде нигаҳдорӣ мешавад, муаррифӣ намудани он аз аҳамият холӣ нест.

Яке аз ин нусхаҳои хаттӣ нусхаи «Анису-л-воизин» мебошад, ки зоҳиран дар асри XIX китобат шудааст, аммо номи муаллиф ва номи котиби он зикр нагардидааст. Ин китоб, ҳарчанд аз зумраи осори хусусияти динидошта аст, ба сабаби бо забони форсӣ рӯи кор омадан, қимат таърихию забонию фарҳангии зиёд дорад. Муаллифи ин асар ҷо-ҷо аз ҷумлаҳои забони арабӣ низ истифода кардааст. Хатташ хатти настаълиқи зебо ва равону хоно мебошад. Китоби мазкур зиёда аз 273 барга иборат буда, бо қалам саҳифагузорӣ гардидааст. Андозаи китоб 31х22 буда, матни он дар ҳар варақ дар 17 сатрӣ навишта шудааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки китоб бо вуҷуди зебову хоно буданаш дар саҳифаҳои охир (саҳ. 445-552) аз сабаби фарсудагӣ нохоно шудааст. Китоб дорои рикоба ва тарқима низ мебошад, ки ин барои осон намудани кори муҳаққиқон хидмат менамояд. Ҷилди нусха картонӣ буда, бо ранги ҷигарӣ оро дода шудааст. «Анису-л-воизин» аз чиҳил маҷлис (боб) иборат буда, унвони ин маҷолис бо хатти сурх навишта шудааст. «Анису-л-воизин» аз осори андарзии ниёгони мо ба ҳисоб меравад, ки дар партави андешаҳои мазҳабии ҳанафӣ баён шудаанд.  

Туробов Илҳомҷон

мудири шуъбаи дастхатҳо ва

табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«Анису-л-воизин»
Scroll to Top