Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд.
Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, он ҳифз карда мешавад. Яке аз чунин ҷашнҳо Иди Сада ба ҳисоб меравад.
Бахшида ба ҷашни Сада дар “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маҳфили тантанавӣ таҷлил гардид. Дар он номзади илмҳои таърих, мардумшинос М.Файзуллоев, муҳассилини мактабҳои миёна ва олии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Дар рафти маҳфил М.Файзуллоев қайд намуд, ки ҷашни Сада нишонаи дўстиву рафоқат, меҳру садоқат, таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ, ифодаи камарбандӣ ва омодагӣ ба фасли баҳору мужда аз фарорасии ҷашни Наврўз аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Иди Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 30-юми январ бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Т.Тошматова, Ш.Сайфиева
кормандони МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"