Тавре дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд”.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин се ҷашнҳо (Меҳргон, Сада, Наврӯз)-ро ҷашнҳои расмии миллӣ эълон намудаанд, ки бо як шукӯҳу шаҳомат ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.
Воқеан, Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Мутобиқи гуфтаҳои Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон буда, муждае аз наздик расидани баҳор мебошад. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт.
Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.
Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).
Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”.
Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ иди Сада аз нав эҳё гардида, минбаъд он ҳамасола санаи 30-юми январ дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Мутриба Мамадҷонова
мудири шуъбаи таърихи
МД “МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”