Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ИНЪИКОСИ ВОҚЕАҲОИ ТАЪРИХӢ ТАРИҚИ БАРЕЛЕФ ДАР ОСОРХОНА

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” намоишҳои осорхонавӣ бо се тарз: зери шиша, экспозитсияи асосӣ ва барелеф ба маърази тамошо гузошта шудааст. Зери шиша ковишҳои бостоншиносиро ба хотир меоварад. Дар экспозитсияи асосӣ фарҳанг ва маданияти халқи тоҷик дар давраҳои муайяни таърихӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин он ҳодисаю воқеаҳои таърихие, ки дар ҳамон давра ба амал омадаанд, ба тарзи барелеф низ нишон дода шудааст. Баъзан вақт ҳангоми тамошо тамошобинон дар толори намоишии “Таъриху тамаддуни тоҷикон” асосан ба зери шиша ва қисмати асосӣ аҳамият медиҳанд ва барелеф аз мадди назар дур мемонад. Аз ин лиҳоз, хостем доир ба ин навъи санъат ва истифодаи он дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маълумот диҳем.

Барелеф калимаи фаронсавӣ буда, нақши муқарнасии нисбатан пастро мефаҳмонад. Ин навъи санъат бахше аз ҳайкалтарошӣ буда, тасвири барҷаста дорад. Барелеф ҳамчун санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар ороиш ва пардози биноҳо истифода мешавад. Дар аксар маврид барелеф дар зиннатдиҳии пояи муҷассамаҳо, лавҳаҳои фахрӣ ба кор меравад. Ин намуди санъат дар вилояти мо дар пештоқи толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба назар мерасад, ки аз тарафи Давронҷон Раҳматов дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ амалӣ гардидааст.

Аслиниссо Ёдгорӣ

Мудири шӯъбаи оммавӣ-

фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИНЪИКОСИ ВОҚЕАҲОИ ТАЪРИХӢ ТАРИҚИ БАРЕЛЕФ ДАР ОСОРХОНА
Scroll to Top