Таҳқиқи адабиётшиносӣ, таърих, фарҳангшиносӣ ва умуман фанне, ки бо тамаддуни пешини тоҷикон робита дорад, бидуни диққат ва шинохти дастхатҳои қадима ва китоби ниёгон даст намедиҳад. Гузашта аз ин, ошноии комил бо афкору ҷаҳонбинии ниёгон ва заминаҳое, ки ҷаҳоншиносии онҳо дар асоси он рушд мекардааст, китоби пешина, махсусан китобҳое, ки аз доираи нашр берун мондаанд, ғайриимкон аст. Бо назардошти ин нуқта ва барои ҳарчи тамомтар ҳифз кардан аз таърихи гузаштагон дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷамъоварӣ ва ҳифзи ин ёдгориҳои хаттӣ иқдоми ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, муассиса ҳар сол аз ҷомеа, ки аз рукнҳои асосии нигаҳдории таърихи миллат ба ҳисоб меояд, дона-дона китобҳои арзишмандеро ҷамъ мекунад. Дар ин навиштаи кӯтоҳ мо тасмим гирифтем, ки дар бораи яке аз нусхаи ин боргоҳ ва аҳамияту усулҳои омӯзиши он ишора намоем то бар муҳаққиқоне, ки аз мавҷудияти ин осор иттилоъ надоранд судманд афтад. Пеш аз ҳама зикри ин нуқта ба маврид хоҳад буд, ки мо бевосита дастнависҳои худи осорхонаро ба кор бурдем ва феҳрестеро дар рафти кори худ талаб кардем. Аз китоби бисёр хуб ва омӯхташудаи ин фонд нусхаи хаттии “Юсуф ва Зулайхо” мебошад, ки бо хатти настаълиқи моил ва хатти шикаста навишта шудааст. Андозааш 25х17 буда, аз 120 саҳ. иборат аст. Забонаш тоҷикӣ буда, навъи асараш адабӣ мебошад.
Оғоз:
Гули эҷодро хуррам ту кардӣ,
Кафи хоки башар одам ту кардӣ...
Аз рӯи хат ва қоғазу дигар нишонаҳои китоб чунин менамояд, ки нусха на он қадар кӯҳна аст ва тақрибан охирҳои асри XVIII ба қалам омадааст. Хатти нусха настаълиқест, ки дар худ компонентҳои хатти шикастаро дошта ҳамаи матни асар ба таври сутунӣ, ки аз муҳимоти нусхаҳои хаттии назмӣ мебошад, китобат шудааст. Сутунҳои 15 баргии нусха бо хатти сурх ҷадвалкашӣ шуда, сарлавҳаҳои достон бо хатти сурх ба қалам омадааст. Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд чандин китобу рисолаҳои хаттӣ ва чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки дар муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳангу адабиёти миллати куҳанбунёди тоҷик сарчашмаҳои тозаёфт ва камшинохташуда буда, омӯзиши дақиқ ва нуқтасанҷии он китобу рисолаҳо гӯшаҳои навиштаи ҳаёти мадании ин миллатро боз хоҳад намуд.
Мавҷуда Бойматова
корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"