Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Рубоиёт”-и Умар Хайём

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷамъ намудани китобҳои нодир барои ҳар миллате, ки таърихи бою куҳан дорад, воситаи хубест барои муроҷиати дубора ба таърих, маданият ва фарҳанги ниёгон, ки хушбахтона имрӯз яке аз рукнҳо ва пояҳои асосии сиёсати давлатдории моро ташкил медиҳад. Аммо баробари ҷамъоварӣ, масъалаи омӯзиши нусхаҳои хаттие, ки манбаи асосии шинохти масъалаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва адабии мардуми мост, нисбатан корҳои ҷиддиро тақозо мекунад. Сарчашмаҳои асосии тоҷикон дар дарозии мавҷудияти ин миллати куҳаннасли азияткашида ба сабаби ҷангу юришҳои мутафовит ва марзҳои гуногун парешон шудаву даст ба дасту сина ба сина аз насл ба насл то имрӯз ҳифз гардида, ба қисмати ниҳоят муҳими он мавриди омӯзиш ҳам қарор гирифтааст. Яке аз ин китоби дастнависе, ки таҳти шумораи 141 дар тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ қарор дорад ин “Рубоиёт”-и Умари Хайём мебошад.  Умари Хайём 18 майи соли 1048 дар Нишопур ҳозира Эрон таваллуд шудааст. Номи пурраи ӯ Ғиёссудин Абдулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ мебошад. Хайём аз бузургтарин донишмандони худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салчуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озорбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд. Аз ин рӯ Хайём дар рӯзгори мо бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир, чунонки лақаби Имон, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст.

Асар бо забони тоҷикӣ ва хатти настаълиқ китобат шудааст. Андозаи китоб 20х12 буда, аз 172 саҳ. иборат мебошад. Оғоз: “Гӯянд, ки дар аҳди қадим Умар Хайём ва Хоҷа Низомулмулк ва Ҳасани Саббоҳ ва Муқниъ дар як мактаб мехонданд ва ҳамон вақт бо ҳам аҳд карда буданд, ки ҳар кадомро давлатеву фатҳе рӯй диҳад, дар миён бошад...”.

Мушаххасоти дигар: Нусха дар ҳолати хуб қарор дорад. Варақаҳои китоб аз варақаҳои гуногуни қоғаз иборатанд. Ибтидои ду саҳифаи китоб доир ба дӯстии Умари Хайём ва Хоҷа Низомулмулк сухан рафта, аз саҳифаи баъдӣ рубоиёти шоир оғоз меёбад. Ҳар саҳифа аз 8 сатрӣ иборат буда, саҳифаи савум дар атрофи матни асар байтҳое қайд гардидаанд, ки аз адабиёти худи шоир аст. Китоб соли 1352 ҳиҷрӣ ба табъ расидааст.  

Мавҷуда Бойматова

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Рубоиёт”-и Умар Хайём
Scroll to Top