Солҳои охир таваҷҷӯҳи сокинони кишвар баҳри омӯхтани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёдамон хеле зиёд гардидааст. Аз ин хотир чи насли калонсол ва чи ҷавонону наврасон ба хотири аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз роҳҳои тайкардаи аҷдоди бостонии худ ба тамошои осорхона рӯ меоваранд.
Имрӯзҳо, ки таътили зимистона дар мактабҳо оғоз гардидааст, ҷавонону наврасон ба хотири пурсамар ва хотирмон истифода намудани вақти қимати хеш бештар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ боздид менамоянд. Яке аз минтақаҳои тамошобоби ҳудуди вилояти Суғд ин “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳисоб меравад, ки дорои се осорхона ва Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ аст.
Масъулони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз рӯзҳои аввали соли нави мелодии 2021 бо дасту дили гарм ва ғайрати дучанд ба фаъолият оғоз намуда, баҳри хушу хотирмон гузаронидани таътили зимистонаи мактаббачагон саҳм гузошта истодаанд. Мактаббачагон ҳини боздид аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо сайри илмии таърихӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин барои болидахотирии онҳо тариқи монитор филмҳои тасвирии солинавӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Чун анъана дар толор гӯшаи намоишӣ созмон дода шудааст, ки бо Арчаи солинавӣ - баёнгари ҳаёти сабзу хуррам ва номаҳои табрикотӣ – нишондиҳандаи эҳсоси меҳру муҳаббат оро ёфтааст. Кормандони шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як тамошобини ба осорхона ворид гардида, аз ин макони муқаддас бардоште намуда, дар ҳаёти хеш аз сабақҳои бузурги таърихӣ истифода намояд.
Алҳол, дар тамоми рӯи дунё бемории сироятии Ковид-19 доман паҳн намудааст. Аз ин лиҳоз дар толори пазироии осорхонаҳо гӯшаи тиббӣ ташкил гардида, дар он доруворӣ, маҳлули антисептикӣ, ҳароратсанҷ ташкил карда шудааст.
Аслиниссо Ёдгори
мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита
бо ҷомеаи МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"