Шукронаи имрӯза давру замон, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ мардуми шарифи тоҷик ба сӯи омӯзиши бемалоли алифбои ниёгон комёб гашт. Дар макотибу мадорису донишкадаҳо ба омӯзиши дастхатҳои қадимаи ниёгонамон аҳамият дода шуд. Мутаассифона то ба даст овардани истиқлолият миқдори зиёди китобҳои дастхатҳои нодир дар даврони шӯравӣ ба нобудӣ расид. Бо вуҷуди ин ҳама, мардуми бомаърифату бофарҳанг ва китобдӯсти тоҷик ҳадди ақал тавонист ба андозае дастхатҳои бузурги миллатро маҳкам намоянд ва аз нобудшавӣ нигаҳ доранд.
Бояд қайд намуд, ки аз рӯзи таъсис ёфтани МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шӯъбаи “Дастхатҳо ва табъу нашр” ташкил карда шуд ва то имрӯз фаъолият бурда истодааст. Аз рӯи аввали фаъолият аз шаҳрвандон китобҳои нодир ва дастхатҳои қадима харидорӣ карда шуд. То ҳол зиёда зиёда аз 400 адад китобу дастхатҳои ҷамъоварӣ ва харидорӣ шуда, дар фонди осорхона ва тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ нигаҳ дошта мешавад. Яке аз байни китобҳои нодир ин китоби дасхати “Равзату-л-асҳоб”, ки бо қалами Авлиёуллоҳ ба табъ расидааст. Навъи хаташ настаълмқ буда, бо забони арабӣ навишта шудааст. “Равзату-л-асҳоб” китобест доир ба асҳоби Расул. Шоёни зикр аст, ки китоби мазкур то имрӯз дар ҳеҷ куҷо нашр нагардидааст. Китоб тақрибан дар охири асри 18 китобат шудааст. Муқовааш картонӣ буда, бо се нақши туранҷ оро дода шудааст. Ин ҳама дастовардҳо аз самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин ганҷинаи илму маърифат оянда барои пешрафти таълиму тарбияи насли ҷавони миллат нақши босазои худро хоҳад гузошт.
Мавҷуда Бойматова
корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"