Таърихи пайдоиши китоб ба тараққиёти хат, забон, адабиёт, санъат ва илм алоқа дорад. дар замонҳои қадим дар рӯи санг, чӯб, сафол, мису биринҷӣ, баргҳои дарахтони нахл, устухонҳо ва ғайра аз одамон дастнависҳо боқӣ мондаанд, ки ба китоб мансубият дорад.
Яке аз дастнависҳое, ки дар шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашри МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вуҷуд дорад ин “Нурнома” мебошад, ки бо забони форсӣ ва хатти настаълиқ навишта шудааст. Андозааш 25х17 буда, аз 124 саҳифа иборат аст. Китоб комил буда, муаллифаш номаълум аст. Китоб дар ҳолати хуб қарор дорад. Баъзе варақаҳои он аз байни китоб канда шудаанд, аммо на аз матни асар. Пас аз хотимаи матни асар бо хатҳову рангҳои гуногун талабҳое дар мавриди тарзи тайёр намудани дорувориҳо аз таб, дарди чашм, дил, сина ва амсоли инҳо китобат шуда, беш аз бист баргаи онро танҳо, байт, рубоӣ, мухаммас, ғазал аз суханвароне, чун Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Бедили Деҳлавӣ, Мирзо Сиддиқ ва ғайраҳо бо хатти бегона фаро гирифтаанд, ки бо матн алоқа надорад. Дар ҳар саҳифа 9 сатрӣ матн ҷой дорад. Бештари сатрҳо бо хатти сурх китобат шудааст. Ҳамчунин дар байн-байни матнҳои нусха беш аз 30 баргаи холӣ вуҷуд дорад. Нусха аз нигоҳи илмӣ арзишманд буда, таърихӣ беш аз 100 сола дорад.
Мавҷуда Бойматова
корманди илмии шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”