Матни илмӣ-интиқодии "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ бар асоси беш аз шаст дастхати ашъори ӯ нашр гардид. Дар тасҳеҳ даҳҳо нусхаи қадимтарини "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ, ки то имрӯз дар нашрҳои интиқодии ашъори ӯ истифода нагардида буданд, мавриди муқобала, нақду таҳлил ва омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд. Дар ин нашр он нусхаҳо ба эътибор гирифта шуда, ки дар дусадсолаи аввал пас аз вафоти шоир, яъне дар асрҳои XV-XVI, китобат гардида бошанд. Дар ин тасҳеҳ, илова ба нусхаҳои куҳани Тоҷикистон, нусхаҳои муътабари кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Олмон, Амрико, Озарбойҷон, Русия, Шветсия, Ӯзбекистон ва ғ. истифода шудаанд.
Ҷилди аввал шомили муқаддимаи мусаҳҳеҳ (саҳ. 3-94), қасоид ва ғазалиёт (аз "алиф" то поёни ҳарфи "зо") аст.
Ҷилди дуюм фарогири идомаи ғазалиёт (ҳарфи "син" то "ё"), муқаттаот, рубоиёт ва ғ., мулҳақот, таълиқот ва феҳристҳо мебошад.
Китоб бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Насриддинов тасҳеҳ ва нашр ёфта, барои муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони илму адаби тоҷик тақдим гардидааст.
"Девон"-и Шайх Камоли Хуҷандӣ (матни илмӣ-интиқодӣ)/Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насриддинов.-Ҷ.1-Ҷ.2.-Хуҷанд:Ношир, 2020, 1432 саҳ.