Маъмурияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми вилоятро бо фарорасии Соли нави 2021 самимона табрику муборакбод намуда, барои ҳар яки Шумо саломатии бардавому рӯҳи болида, файзи рӯзгору хайру баракат ва сарбаландиву сарфарозиро таманно менамояд.
Бигзор, Соли нав соле бошад, ки рӯзгори Шумо ва кулли мардуми диёрро пур аз шодиву сурур созад, сулҳу Ваҳдатро дар кишвари азизамон пойдортару устувортар гардонад, эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва садоқати ватандориро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон афзун гардонад.
Бо умеди фархундагии рӯзгор, солимии тан, фатҳи қуллаҳои азим ва дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ, вуруди ин ҷашни некпайғомро бори дигар ба Шумо фархундабод гуфта, орзу дорад, ки фараҳу нишот ва баракати таҷлили ҷашни Соли нав ба хонадони Шумо шодии нав оварад.
Соли наватон муборак!