Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти солонаи МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мутобиқ ба қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Дар ин давра 8 ҷаласаҳои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа дар соли 2020, барномаи нақша - чорабинии муассиса бахшида ба 5500-солагии Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, мақолаҳо ва матни сайри илмии мавзӯии кормандони илмӣ таҳия гардида, сенарияҳо ва лоиҳаи нақшаи гӯшаҳои намоишӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуд.

Дар ин давра 4 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, 523 адад ашёҳои бостоншиносие, ки ҳангоми корҳои тадқиқоти – ҳафриётӣ дар “Кӯшки ҳокимнишин” ва ҳудуди майдони “Қалъаи Хуҷанд” дарёфт гардида, китобҳои дастхат ва чопи сангӣ, маводҳои давраи муосир кабул гардидаанд. Аз миқдори умумии ашё 71 адад ба фонди асосӣ ва 452 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони илмии осорхонаи таърихӣ бахшида ба 700 – солагии бузургдошти Шайх Камоли Хуҷандӣ мақола таҳти унвони “Бозгашти маънавии Камол” таҳия карда шуда, ба маҷаллаи “Мероси ниёгон” пешкаш карда шуд. Инчунин бахшида ба ин ҷашн мақолаҳо таҳти унвони “Шайх Камол андалеби Хуҷанд”, “Бозгашти маънавии бунёдгузори кохи азими сухан Хоҷа Камол” дар сомонаи маҷмаа ҷой дода шуданд.  Феҳрести китобҳои нодир ва дастхатҳои фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба ин ҷашн бо дастгирии олимони Марказии илмии Камоли Хуҷандӣ омода ва нашр карда шуд. Ба пешвози 75 – солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақола таҳти унвони “Саҳми ақибгоҳ дар таъмини Ғалаба” ва “Вечная память нашим героям” ба муносибати таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм мақола таҳти унвони “Саразм – оғози тамаддуни халки тоҷик”, А.Исоқов – нахусткашшофи Саразм, бахшида ба моҳонаи ҳифзи ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ макола таҳти унвони “Хона-музейи Эргашбойбача”, “Хона-музейи этнографии Ҳоҷи Юсуф Мирфаёзов”, “Ҳифзи мероси фарҳангӣ”, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо мақола таҳти унвони “Осорхона таҳкимбахши осори нигон”, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақола таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – пойдевори давлати соҳибистиқлол” омода гардида, ба маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ пешкаш карда шуданд. Аз тарафи кормандони илмӣ ва роҳбаладони Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” макола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Панҷакенти ибтидоӣ асримиёнагӣ”, “Давлатдории Қӯшониён”, “Хати насх, таърих ва пайдоишӣ он”, “Ороишоти гесӯ”, “Аз чароғи сиёҳ то фурӯзонакҳо”, “Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва “Захирату-л-мулук”-и ӯ”, Ривоҷи илм ва маданият дар давраи муғулҳо ва инъикоси он дар осорхонаи таърихӣ”, “Сайёҳӣ муаррификунандаи таъриху фарҳанг”, “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ муаррифгари таъриху фарҳанги халқи тоҷик”, “Истаравшан – шаҳри туризм”, “Тарзу усули кандакорӣ дар дарҳои коллексия фонди осорхона” таҳия карда шуданд.

Дар давоми фаъолият 2-маротиба вохӯрӣ, 12-маротиба намоиш, 2 маротиба намоиши берун аз осорхона, 5-маротиба конфронси илмӣ дар муассиса ташкил карда шуданд.

Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 13367 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 1415 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 4641 нафар тамошобинон 264 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 8726 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 86 нафар, фарогири сайри илмӣ 6 нафар, давлатҳои ИДМ 167 нафар, 46 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 6246 нафар мебошанд.

Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 3265 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд, ки 657 нафар тамошобинон ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 1700 нафар тамошобинон 144 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 1565 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 12 нафар, фарогири сайри илмӣ 12 нафар, давлатҳои ИДМ 28 нафар, 27 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 1229 нафар мебошанд.

Аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов 3923 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд, ки 731 нафар тамошобинон ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 1494 нафар тамошобинон 179 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 2429 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 3 нафар, фарогири сайри илмӣ 3 нафар, давлатҳои ИДМ 41 нафар, 24 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 1832 нафар мебошанд.

Дар маҷмӯъ теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 20555 нафарро ташкил дода, 337 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 12720 нафар буда, бо сайри илмӣ 7835 нафарро ташкил медиҳанд.

МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо донишгоҳҳои олии вилоят, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд ҳамкории зич дорад. Дар асоси шартнома донишҷӯёни курсҳои IV факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни курсҳои I ва II факултаи таърих ва ҳуқуқӣ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҷрибаи истеҳсолии худро дар осорхонаҳои МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида, донишҷӯён аз фаъолияти илмию фарҳангии муассиса аз наздик шинос шуда, бо тарзҳои ҳуҷҷатгузории шуъбаҳои осорхона, тарзи гузаронидани сайри илмӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ маълумотҳои кофӣ гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намояндагони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белоруссия бо роҳбарии директори Институти боғдорӣ Таранова А.А., Ректори донишгоҳи Қазон Лариса Ивановна, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев – Афзалшо Шодиев, директори киностудияи давлатии Тоҷикфилм Пирзода Маҳмадсаид, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх ва котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Абдул Сами, намояндаи савдои федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тоҷибоев А.Е., Сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Серватюк В.Н., Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва дигарон дидан ба амал оварданд.

Дар ин давра дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 300 000 пиёзакҳои гули лола, 10 бех дарахти каштан, 10 бех дарахти дрок, 10 бех сирени ҳиндӣ, 32 бех дарахти мажовелник, 53 бех дарахтони мевадор ба монанди бодом, олуча, гелос, себ, нок, 32 адад дарахтони сояафкану ороишӣ, 250 500 адад гул, ба монанди - катарантус – 17 500, салвия – 56 000,  тагес бархасти – 61 000, вербения – 40 000, петуния – 83 000, георгин - 1000, хризантема - 30 адад ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” бо сипосномаи Раиси кумитаи рушди маҳаллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳо масъулони маҷмаа барои тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ доимӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии  ба номи Камоли Хуҷандӣ мунтазам бо маьлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард карда шуда истодааст. Мунтазам бо воситаи радиошунавоии маҷмаа оид ба пешгирии касалии сироятии коронавирус Covid-19 ба истироҳаткунандагон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ рафта истодааст.

Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои ба дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаъолияти солонаи МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top