Имрӯз адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба марҳилае расидааст, ки тозагӣ мехоҳад ва интизорӣ дорад онҳое, ки аҳл ҳастанд ва орифонаву ошиқона ин адабиётро бо чашми бинову ҷони огоҳи диле бедор дӯст медорад ва дар назди меъморони аслии он, яъне Рӯдакию Фирдавсию Мавлавӣ ва Саъдию Ҳофизу Бедилу бузургони дигар масъул ҳастанд, ин қарзро адо кунанд. Ин қарзест, ки таърих ба назди мо гузоштааст. Яке аз ин меъмор ин китоби Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад, ки бо забони тоҷикӣ навишта шудааст Навъи асар адабӣ буда бо хати настаълиқ навишта шудааст. Андозааш 21х12,5 буда 269 саҳифа дорад. Асар бо байти зерин оғоз меёбад :
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо ҳам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо....
Нусха афтодагӣ надорад ва пеш аз оғоз шудани матни аслӣ бо қалам ва хатҳои гуногун дар он байтҳо ё ҷумлаҳои пароканда навишта шудаанд. Ашъор дар ҳар саҳифа даҳсатрӣ, ба тарзи амудӣ ҷой дода шудааст. Ҷилди нусха сабзранги паст буда, туранҷу сартуранҷ дорад. Аз нусхаҳои дигаре, ки дар ҳамин маҳзан, яъне дар фонди осорхона нигаҳдорӣ мешавад, дар навишт ва асли шеърро нигоҳ доштани китоб бамаротиб беҳтар аст. Нусха дар ҳолати хуб қарор дорад, фақат пораҳое аз баъзе саҳифаҳо, мисли саҳифаҳои 2 ва 3 нохоно шудаанд. Китоб дар баъзе саҳифаҳо тарзи навишти худро дигар карда, ду байт ба шакли амудӣ ва байти савумро ба тарзи маъмулӣ сабт мекунад.
Бедил, ҳарчанд баргузидам худро!
Афсуни камоле надамидам худро.
Сад шукр, зи иқболи адабпарвари аҷз,
Мумтоз зи ҳеҷ кас надидам худро.
Бойматова Мавҷуда
Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”