Санаи 22.12.2020 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як қатор меҳмонони олиқадр бо сардории муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон - генерал-майор Бурасшов А.Ж. аз “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан ба амал оварданд.
Меҳмононро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. пешвоз гирифтанд. Ба меҳмонон аз тарафи роҳбалади осорхона Сайфиева Ш. сайри илмии осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар фарҷоми боздид генерал-майор Бурасшов А.Ж. таманниёти худро дар китоби мулоҳизот қайд намуд: “С наилучшими пожеланиями коллективу исторического комплекса.
Желаю процветания комплексу, здоровья и благополучия коллективу.
Пусть будет праздник каждый день в ваших семьях!!!
Заместитель МО Республики Узбекистан генерал-майор Бурасшов А.Ж.”.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати меҳмононро мушовири вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Қосимзод Аъзам Усмон ҳамроҳӣ намуд.
Сайфиева Шарифа
роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд