Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

РИСОЛАИ ШАМСИЯ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Комёбиҳо ва  дастовардҳои шӯъбаи табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хукҷанд” ҳамчун тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоби дастхат ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Воқеан ҳам китоб сарчашмаи дониш буда, ҳамчун шиносномаи ҳар халқу миллат барои поку бегазан нигаҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани  ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар фард нақши бузург дорад. Инсоният дар ҳамаи давру замон китобро ҷузъе аз тарғиботу муҳими умри азизи худ қарор дода, онро муқаддас меҳисобанд.  Дар ин радиф китоби “Рисолаи Шамсия” (дар илми наҳв ва дар охири нусха рисолае дар илми мантиқ китобат шудааст) мебошад, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вуҷуд дорад. Забони навъи асар забоншиносӣ буда, бо забони арабӣ навишта шудааст. Ҷилди нусха расми сохти сурхранги занҷирааш сиёҳ, дорои туранҷу сартуранҷ, занҷира ва ороишоти дигар мебошад. Нусха фарсуда буда, таъмир шудааст. Хатти нусха настаълиқ аст, аммо бо ду забон навишта шудааст. Қоғази китоб ҳам ду навъ дорад. Эҳтимол меравад, ки ду рисолаи ҷудогонаро дар як ҷилд ҷой додаанд. Дар мобайни “Рисолаи Шамсия” ва “Рисолаи мантиқ” як саҳифа дуо, се байт шеър, ду саҳифа муноҷот ва ду саҳифаи дигар дуо навишта шудааст. Дар оғози “Рисолаи Шамсия” дар ҳар саҳифа 5 сатрагӣ ва анҷом 15 сатрӣ матн навишта шудааст. Байни сатрҳо ва ҳошияи баргаҳо 5 сатрӣ шарҳи қойдаҳои наҳвӣ ба қалам омадааст. “Рисолаи мантиқ” низ 15 сатрӣ китобат шудааст.

Минбаъд кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” барои ғанӣ гардонидани дастовардҳои беназир кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мавҷудахон Бойматова

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРИСОЛАИ ШАМСИЯ
Scroll to Top