Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Омодагӣ ба Фестивали “Сайри гули лола”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Лола яке аз гулҳои қадим ва машҳуртарини кишварҳои Шарқ ба ҳисоб меравад. Гули лола таҷассумгари зебоӣ ва нишон аз чеҳраи сурхи миллати азизи мо мебошад. Ҳоло он барои гулзор намудани гулгашту хиёбон, гулбоғу чорбоғ васеъ истифода мешавад.

Оғоз аз санаи 13.12.2020 дар “Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ”-и МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” барои дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивали “Сайри гули лола” корҳои омодагӣ рафта истодааст. Алҳол боғбонҳои Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ сарҷамъона тамоми кӯшишу ғайраташонро барои шинонидани пиёзакҳои гули лола равона карда истодаанд.

Соли гузашта Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ ба як боғи биҳишосое табдил ёфта буд ва ҳазорон мардуми шарафманди вилоят ҳамарӯза барои сайру гашти боғ ташриф меоварданд.

Бояд тазаккур дод, ки имсол низ ба пешвози Наврӯзи хуҷастапай дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба миқдори 300 ҳазор гули лола шинонида мешавад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООмодагӣ ба Фестивали “Сайри гули лола”
Scroll to Top