Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

АҲАМИЯТИ ФЕҲРИСТИ НУСХАҲОИ ХАТТӢ ДАР ОСОРХОНА ВА КИТОБХОНАҲО

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Назаре ба “Феҳрасти нусхаҳои хаттии фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд” – Хуҷанд: Ношир, 2020. – 124 с.)

Дар таърихи тамаддуни форсу тоҷик дар давоми ёздаҳ қарн, аз асри VIII оғоз карда то асри XIX китобҳо ба таври хаттӣ, дар намуди дастхат таълиф мегардиданд. Дар Осиёи Миёна дар ибтидои асри  XX низ котибон ба пайдо шудани чопи сангӣ – литографӣ нигоҳ накарда, осори таълифшударо ба даври дастӣ рӯйбардор ва китобат мекарданд. Дар муддати ёздаҳ аср ҳазорҳо китоби динӣ, адабӣ, таърихӣ, илмӣ, тиббӣ ва амсоли инҳо ба таври дастӣ китобат гардида, аз як насл ба насли дигар интиқод меёфтанд.

Имрӯз мутобиқи ҳисобҳои олимон дар кишварҳои Туркия, Эрон, Осиёи Миёна – Душанбе, Тошканд, Ишқобод, Бишкек ва ғайраҳо, ба миқдори муайян китобҳо дастхат нигаҳдорӣ мешаванд. Х.Риттер тахмин кардааст, ки дар китобхонаҳои Туркия 200 ҳазор дастхат мавҷуд аст, ки 124 ҳазори онҳо дар шаҳри Истамбул нигаҳдорӣ мешаванд, аз ин миқдор чоряки онҳоро китобҳои форсӣ ташкил медиҳанд (2, с.10). Дар Эрон бошад, ба ғайр аз ҳисоби коллексияҳои шахсӣ танҳо дар муассисаҳои илмии давлатӣ қариб 60 ҳазор адад дастхат мавҷуд аст (2, с. 10). Бино бар иттилои расонаҳои хабарӣ миқдори дастхатҳои форсӣ дар Ҳиндустон ба як миллион баробар мебошад.

Гарчанд ки олами муосир дар рушду тараққӣ аст ва технологияҳои нав арзи ҳастӣ мекунанд, инсоният беш аз пештара таваҷҷуҳ ба дастхатҳо ва осори хаттии кадима зоҳир менамояд. Барои таҳқиқу омӯзиши осори хатии қадима технологияҳои нав истифода мегарданд.

Дар садсолаҳои охир таваҷҷуҳи олимону донишмандон ба нусхаҳои хаттӣ ва махсусан ба нусхаҳои хаттии осори илмиву адабии форсӣ-тоҷикӣ афзун гашт. Дар марказҳои бонуфузи илмии Эрон, Иттифоқи Шӯравӣ, Афғонистон ва кишварҳои дигар олимон-мутахассисони варзида ба таълифи феҳристҳо даст заданд. Дар ин феҳристҳо китобҳои хаттии ин ё он муассисаи илмӣ муаррифӣ мегардиданд. Дар ин ҷо аз чанд феҳристҳо ёдовар мегардем, ки дар онҳо нусхаҳои хатти форсӣ-тоҷикӣ муаррифӣ гардидаанд:

  1. 1.     “Описание таджикских и персидских рукописей Института востоковедения” – мураттибаш Н.Д. Миклухо-Маклай, соли 1955 ба нашр расидааст (ниг.: 8).
  2. “Персидские и таджикские рукописи Института народов Азии АН СССР (краткий алфавитный каталог)”. Китоби мазкур дар 2 ҷилд зери назари Н.Д. Миклухо-Маклай рӯи кор омадааст ва барои мураттаб гардонидани он олимони хатшиносу нусхашинос О.Ф. Акимушкин, В.В. Кушев, А.М. Мугинов, М.А.Салахетдинова ҳиссаи худро гузоштаанд. Асари номбурда соли 1964 дар ду ҷилд ба нашр расидааст (ниг.: 3 ва 4). Китоби номбурда бо номи  “Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии институти ховарниносӣ (милали Осиёӣ)-и Фарҳангистони улуми Руссия” ба форсӣ тарҷума гардида, дар Теҳрон низ чоп гаштааст.  
  3. “Каталог фонда института рукописей” Таҳти ин унвон феҳристи нусхаҳои хаттии Пажӯҳишгоҳи дастхатҳои ба номи Х.С. Сулейманови Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар 2 ҷилд соли 1989 зери назари А.П. Қаюмов ба нашр расидааст (ниг.: 6).
  4. “Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР” ин феҳрист низ яке аз асарҳои муфассал доир ба дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад ва дар 14 ҷилд ба нашр расидааст. Барои тартиб додани он олимони ӯзбек заҳмати фаровон кашидаанд. Қисмати зиёди китобҳои феҳристи номбурдаро осори хатии форсӣ-тоҷикӣ ташкил медиҳанд (ниг.: 9).
  5. “Описание персидских и таджикских рукописей Института народов Азии. Персидские толковые словари (фарханги)” асари номбурдаро олими забоншинос С.И. Баевский тартиб додааст ва дар он доир ба фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ маълумот додааст. Асари номбурда соли 1962 ба нашр расидааст (ниг.: 5).

Ба ғайр аз китобҳои номбурда, ки феҳристи нусхаҳои хаттии муассисаҳои бонуфузи илмиро фаро мегиранд, феҳристи нусхаҳои чопи сангӣ ҳам мавҷуд аст, ки намунаи машхуртарини ин феҳрист Феҳристи китоҳои чопи сангии форсии О.П. Шеглова мебошад, ки дар ду ҷилд ба нашр расидааст ва дар он китобҳои чопи сангии шуъбаи Ленинградии Институти шарқшиносии Иттифоқи Шӯравиро тафсир кардааст (ниг.: 11).

Дар чанд соли охир феҳристҳои дигар ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа ба нашр расиданд, ки дар онҳо низ нусхаҳои хаттӣ муаррифӣ мегарданд. Барои мисол ду феҳристро метавонем номбур кунем, ки дар онҳо махсусан нусхаҳои хаттии форсӣ-тоҷикӣ рӯнамо мешаванд:

  1. “Персидские рукописи, зивопись и рисунок XV -  начало XX века. Каталог коллекций». Мураттиби он А.Т. Адамова мебошад ва дар он 400 адад китоб ва расму дастхатҳо мавриди баррасӣ ва муаррифӣ қарор гирифтааст (ниг.: 1).
  2. “Феҳристи нусхаҳои хатиии Маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” мураттибаш профессор Бадриддин Мақсудов. Дар китоби номбурда осори хаттии маркази номбурда мавриди муаррифӣ қарор гирифтааст (ниг.: 7).

Ба ғайр аз инҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба миқдори зиёд феҳристҳо тартиб дода шудаанд. Феҳристи нусхаҳои хатиии китобхонаҳо, марказҳои илмӣ ва хатто коллексияҳои шахсӣ тартиб дода шудаанд.

Тартиб додани феҳристи китобхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳо, осорхонаҳо ва ҳатто коллексияҳои шахсӣ аҳамитяи бузурги илмиро моликанд. Муҳим нест, ки феҳристҳо аз чандин ҷилд ва ё китоб иборат бошанд, муҳим он аст, ки асарҳои мавҷударо муаррифӣ карда тавонанд. Феҳристҳо барои китобхонаҳо, осорхонаҳо ва коллексияҳо ба ғайр аз мадад расонидан ба муҳаққиқон вазифаи посбонии нусхаҳои хаттиро иҷро мекунанд. Китоби дар феҳристбударо хонандагон талаб мекунанд ва он ба таври доимӣ назорат мегардад.

Феҳристҳо осорхона, марказҳои илмӣ, коллексияҳои шахсиро ба истифодабарандагон муаррифӣ мекунанд. Яъне пажӯҳишгарро ба роҳи даркорӣ мебарад.

Феҳристҳоро дар баробари муаррифгари китобҳо шиносномаи фарҳанг гуфтан ҳам мумкин аст, зеро дар баробари муаррифии китоби дастхат дар онҳо дар бораи котибон, намуди хат ва тарзи ороиши китоб маълумот мавҷуд аст.

Боиси хушнудӣ аст, ки бо қарори Шӯрои илмии “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” нусхаҳои хаттии осорхона таҳти унвони “Феҳрасти нусхаҳои хаттии фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд” ба нашр расид. Пешгуфтори китоб ба қалами омири кулли “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов ва омири осорхона М. Бойматов ва сармақолаи н.и.филол. Баҳром Раҳматов ба нашр расидааст.

Дар сарсухан қайд мегардад, ки асари номбурда ба муносибати 700-солагии шоир Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразми ҳадя мегардад (10, с. 4) ва он дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр мерасад.

Дар муқаддимаи илмии китоб н.и.филология Баҳром Раҳматов маълумоти мухтасар доир ба хазинаи китобҳои Осорхонаи вилоятӣ медиҳад ва менависад, ки айни замон дар фонди осорхона 325 адад китобҳои чопи сангӣ ва 75 адад дастхат бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ нигаҳдорӣ мешаванд (10, с.8). Баъдан, дар ин муқаддима баъзе китобҳо муаррифӣ мегарданд. 

Дар китоби номбурда 70 адад дастхати осорхона муаррифӣ гаштааст ва мураттибон Б. Раҳматов, Иззатбек Шехимов ва Оқилбой Оқилов кӯшиш кардаанд, ки он ба феҳристҳои маъруф монанд бошад ва дар бораи ҳар дастхат маълумоти муқаддимавии нусхашиносӣ оварда шудааст, ки андозаи китоб, навъи асар ва номи муаллифу котибро фаро мегирад. Рақами қайди дар рӯихати осорхона оврарда шудааст. Ба қадри имкон маълумот дар бораи хати китоб ҳаст. Баъдан шарҳ дар бораи худи китоб меравад, ки мутобиқи талаботи феҳристҳои илмӣ мебошад. Бо мутолиаи феҳрист номи муаллифони асарҳо ба монанди Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Ҳиравӣ (10, с. 19),  Аҳмад ибни Алии Руфоъӣ (10, с.22),  Мулло Яҳёхони Хислат (10, с.24), Шоҳидии Муғлавӣ (10, с. 36), Бурҳониддин ибни Алии Марғинонӣ (10, с. 66), Муҳаммад ибни Муҳаммади  Харравонӣ (10, с.72), Ҳайдар Муҳаммад ибни Ёдгор (10, с.84), Алоуддин Муфтии Бухороӣ (10, с.106), Ҷалолуддин  Ҳасан ибни Аҳмад Ҳусайнии Бухороӣ (10, с.112), Мавлавӣ Аҳмади Хуҷандӣ (10, с.116) шинос мешавем, ки дар асрҳои гуногун дар ҳудуди Мовароуннаҳр зиста, ҳамчун олиму адиб фаъолият бурдаанд.

Аз осори адибони маъруф чакидаҳои қалами Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Алишер Навоӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Мирзо Абулқодири Бедил, Шоҳ Машраб ва дигарон мавҷуд аст.  

Дар феҳрист расми саҳифаҳои дастхатҳо оварда шудааст, ки хонанда ба расмулхати китоб ҳам шинос мегардад. Ин кори нек дар суннати феҳристнигорӣ мебошад. Тавассути ин расмҳо бо ҳусни хати котибон ва мирзову муншиёни зиёди Осиёи Миёна шинос мешавем ва номашонро дар маълумотномаи феҳрист мехонем. Бо исми котибоне чун Мирзоҳид Охунд (10, с.24), Миртемур ибни Мирзоқурбони Исфарагӣ (10, с.26), Мир Ёдгорӣ (10, с. 34), Мулло Шоҳҷаҳон (10, с. 36), Аллаҳёр ибни Худоёр (10, с. 38), Сӯфӣ ибни Ҳаким Яъқубхон (10, с.42), Раҳматуллоҳ ибни Домулло Муъмини Шошӣ (10, с.46), Мулло Ҳайдаралӣ ибни Мулло Холиқ (10, с.50), Муҳаммадсодиқ ибни Абдухолиқ Абдулғафури Деҳлавӣ (10, с.56), Мулло Мирзоилёс ибни Мулло Мирзо Эшон (ду дастхат) (10, с.84 ва 102), Мулло Соҳибхон (10, с. 112), Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф (10, с.114), Мулло Аҳмад ибни Мулло Сайф (10, с.116) шинос мегардем. Котибони номбурда дар ҳудуди Мовароуннаҳр умр ба сар бурдаанд ва феҳрист як марҷаъ барои шинохти ҳунари хушнависии эшон аст.

Мушаххасоти китоб, ки дар феҳрист зикр гаштааст, ифодагари он аст, ки мураттибон заҳмати фаровон кашидаанд ва кӯшиш ба харҷ додаанд, ки корашон самараи дилхоҳ диҳад.

Масалан, дар саҳифаи 28 мушаххасоти дастхати № 79 чунин оварда шудааст: “Аз рӯи хат ва коғазу дигар нишонаҳои китоб ҳадс задан мумкин аст, ки он қадимӣ нест ва тақрибан охири асри XIX ва аввалҳои асри XX китобат шудааст. Китоб дар баргаи 83-84 обрасидагӣ дорад, аз баргаи 90 сар карда, навъи коғаз дигар мешавад, баргаи 103 дарида, хаташ якмаром, аммо настаълиқе, ки компонентҳои хатти шикастаро ҳам дорад...”

Аз ин мисол дидан мумкин аст, ки доир ба ҳар дастхат мураттибони феҳрист маълумот додаанд ва перомуни хату мазмуни китобҳо тавзеҳот додаанд.

Асари номбурда як қадами ҷиддӣ барои феҳристнигории минбаъда мебошад, ки дар ҳақиқат кори хеле сангин аст.

Бо вуҷуди муҳассанот феҳрист баъзе ислоҳҳоро талаб мекунад, ки дар нашри минбаъда онро ба назар гирифтан аз аҳамият холӣ нест.

  1. Китобҳоро вобаста ба муҳтавояшон дар фаслҳои алоҳида ба монанди асарҳои динӣ, адабӣ, фалсафӣ ҷойгир кунонида муаррифӣ кардан хубтар аст.
  2. Баъзе дастхатҳо, ки номашон маълум аст, дар феҳристҳои илмии Институти шарқшиносии ҶӮ ва дигар феҳристҳо маълум аст, беҳтар мешуд, ки дар поён ба будани ин китобҳо дар феҳристҳои дигар низ ишора мегашт. Дар ин сурат хонандаи китоб манфиати зиёдтар мегирифт.
  3. Мушкилӣ дар муайян кардани навъи хат аст. Дар ин замина масъалаи асосӣ дар набудани мутахаасисони ҳифравии хатшиносӣ мебошад. Аммо гумон мекунам, ки дар оянда ин масъала низ ҳалли пурраи худро хоҳад ёфт.
  4. Дар дастхатҳо баъзан номи муаллиф зикр намешавад. Аммо номи асар маълум аст. Дар ин ҳолат ҳатман руҷуъ кардан ба феҳристҳои илмии қаблан интишоргашта беҳтар буд. Масалан, дар муаррифии китоби “Маслак-ул-муттақин” муаллиф номаълум ишора шудааст, лекин дар феҳристи Тошканд ва ё феҳристи Шеглова номи он муайян аст, ки Сӯфӣ Аллоёр мебошад. Дар ин гуна маврид муроҷиат ба феҳристҳои дигар амри зарурӣ аст.

Бо вуҷуди ин феҳрист воқеан китоби фоиданок ва илмӣ аст, ки метавонад ба пажӯҳишгарон ва иштиёқмандон ёрии амалии худро расонад. Минбаъд, намунаи электронии феҳристро дар сомонаҳои интернетӣ гузоштан лозим аст, ки барои пажӯҳандагони тамоми ҷаҳон дастрас гардад. Ҳамчунин тарҷумаи онро ба забони русӣ ва ё англисӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ низ ба роҳ мондан лозим мебошад.

 “Феҳристи нусхаҳои хатии фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд” аҳамияти амалӣ ҳам дорад, он метавонад ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни ихтисоси форсӣ-англисии факултети забонҳои шарқ, дар таълими фанни китобшиносӣ мавриди истифода қарор гирад. Бо мутолиаи он донишҷӯён метавонанд, ки бо осори хаттӣ ва хусусиятҳои онҳо шинос шаванд.

Умед мекунам, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин гуна иқдомро идома медиҳад ва дар рӯзҳои наздик феҳристи китобҳои чопи сангии фондро низ ба нашр омода мегардонад.

Адабиёт:

  1. Адамова А.Т. Персидские рукописи, зивопись и рисунок XV -  начало XX века. Каталог коллекций. – СПб, 2010. – 512 с.
  2. Акимушкин О.Ф.  Заметки о персидской рукописной книге и ее создателях. / Очерки истории культуры средневекового Ирана. Письменность и литература. – М.: ГРВЛ “Наука”, 1984. С. 8 – 57.
  3. Акимушкин О.Ф. и др. Персидские и таджикские рукописи Института народов Азии АН СССР (краткий алфавитный каталог). Часть 1. – М.: Наука, 1964. – 640 с.
  4. Акимушкин О.Ф. и др. Персидские и таджикские рукописи Института народов Азии АН СССР (краткий алфавитный каталог). Часть 2. – М.: Наука, 1964. – 152 с.
  5. Баевский С.И. Описание персидских и таджикских рукописей Института народов Азии. Персидские толковые словари (фарханги). – М.: ИВО, 1962. – 77 с.
  6. Каталог фонда института рукописей. Том 1. / Отв. Ред. А.П. Каюмов. – Ташкент:  Фан, 1989. – 411 с.
  7. Мақсудов Б. Феҳристи нусхаҳои хатиии Маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода. – Душанбе: Сино, 2007. – 100 с.
  8. Миклухо-Маклай Н.Д. Описание таджикских и персидских рукописей Института востоковедения. – Москва – Ленинград, 1955. – 108 с.
  9. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР.  Том 1./ Под ред. А.А. Семенова. – Ташкент, 1952. – 428 с.
  10. Феҳристи нусхаҳои хаттии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд / мураттибон – Б. Раҳматов, И.Шехимов, О. Оқилов. – Хуҷанд: Ношир, 2020. – 124 с.
  11. Щеглова О.П.  Каталог литографированных книг на персидском языке в собрании Ленинградского отделения Института востоковедения АН СССР .  Часть 1. / Под. Ред.  Ю.Е. Борщевского.  – М.: ГРВЛ “Наука”, 1975. – 401 с.

 И.Раҳимов

номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАҲАМИЯТИ ФЕҲРИСТИ НУСХАҲОИ ХАТТӢ ДАР ОСОРХОНА ВА КИТОБХОНАҲО
Scroll to Top