Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар шароити имрӯза

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд дар “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар шароити имрӯза” баргузор гардид.

Дар семинар устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров – аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, намояндагони ВАО ва кормандони Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов оғоз гардид.

Бойматов Мансур – омири “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷамъомадагонро ба ин толори таъриху тамаддун хайрамақдам гуфта, доир ба ин мавзӯъ андешаронӣ намуд: “Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад. Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад”.

Файзуллоев М. – узви Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, номзади илмҳои таърих, дотсент, осорхонашинос таҳти унвони “Баъзе маълумотҳо оид ба ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва табиӣ дар ш.Хуҷанд”, Раупов Абдуманон – директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара таҳти мавзӯи “Нақши ёдгориҳои таърихии Исфара дар пешрафти сайёҳӣ”, Нодира Олимова – ҷониши омир оид ба корҳои илмии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таҳти унвони “Ашёи осорхона чун манбаи ёдгориҳои археологӣ - этнографӣ”, Зокирбоев Ғуфрон – мутахассиси маркази илмӣ – методии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Санадҳои меъёри ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳо” маърӯза намуданд.

Пас аз анҷоми семинар меҳмонон аз Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шиносоӣ пайдо намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва насли наврасро бедор намудан ба ҳифи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзи ёдгориҳои таърихӣ дар шароити имрӯза
Scroll to Top