Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Девон”-и Мирзо Абдулқодири Бедил

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоб пурқимматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбати китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд. Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён аз замони қадим таввасути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд.

Яке аз китоби дастхатти фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин “Девон”-и Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад. Асар бо забони тоҷикӣ навишта шуда, навъи хат настаълиқ буда, баъзе хати шикастаро низ дорад. Навъи асар адабӣ, яъне бо назм навишта шудааст. Китоб бо қалами Муҳаммадсодиқ Ибни Абдулхолиқ Абдулғафури Деҳлавӣ соли 1254 ҳиҷрӣ ба табъ расидааст. Андозааш 25х15 буда, ҳолаташ ноқис, оғози он афтодааст. Оғоз:

Умрҳо шуд, будаем махмури ширинмашрабе,

Нест аз инсофе, агар резӣ ба дасти мо гароб........

Девон фақат аз ғазалу рубоӣ иборат буда, дигар анвои шеър дар он дида намешавад. Оғози ғазалҳои девон, яъне ғазалҳое, ки дар радифи ҳарфи алифанд, комилан афтодаанд ва ғазалҳо аз радифи ҳарфи “бо” оғоз мешавад. 9 баргаи аввали китоб, ки шомили ғазалҳои радифи “бо”-анд, комилан фарсуда шудаанду имкони хондани онҳо нест. Вале кори китоб аз аксари нусхаҳои дигар бо диққати табъ ва навишт фарқ доранд.

Китоб ба хонанда маънӣ медиҳад, одамонро ба кору фаъолият меандозад, зиндагиро дар назаргоҳашон пурҷило нишон медиҳад. Китоб хубиҳое дорад, ки мо ҳанўз ҳамаи сифатҳои онро аз бар накардаем.

 Мавҷуда Бойматова

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд" 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Девон”-и Мирзо Абдулқодири Бедил
Scroll to Top