Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тадрисгоҳ дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тадрисгоҳ – дарсхона, таълимгоҳе, ки толибилмон таҳсили илм мекунанд, дониши худро такмил медиҳанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ тадрисгоҳ нахуст дар Бухоро пайдо шуда, соли 937-938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Тадрисгоҳ ҳамчун таълимгоҳ дар замони таҷаддуди маданияти тоҷикон ба миён омада, асосан ба анъанаҳои таълимии маҳаллӣ (дабистонҳо) такя дошт.

Дар тадрисгоҳ чунин фанҳои таълим дода мешуданд: забони арабӣ, илми баён, таърих, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, ҷуғрофия, нуҷум, табииёт, қироати Қуръон, аҳкоми шеър, фиқҳ, калом ва ғайра. Барномаи машғулият ва адабиёти таълимӣ вобаста ба шароит ва ихтисоси мударрис тағйир меёфт. Дар тадрисгоҳ панҷ рӯз дарс мешуд. Ибтидои таҳсил ба охири моҳи сентяр рост меомад ва то миёнаҳои июн давом мекард. Ба мадраса шогирдон аз синни 13-15 солагӣ ҷалб карда мешуданд. Соҳиби тадрисгоҳ мударрисро таъин мекард. Дар зарфи ҳазор сол тадрисгоҳ бисёр зиёиён, арбобони илм, адабиёт ва санъатро ба воя расонидааст. Тадрисгоҳ дар соҳаи маориф, илм ва маданият мавқеъи муҳим дошт.

Шукронаи имрӯза давру замон, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ мардуми шарифи тоҷик баҳри муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи худ пардохта ба бунёди иншоотҳои фарҳангӣ, ба мисли хона-осорхонаҳо пардохт, ки яке аз чунин мавзеъҳо Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин макон бо мақсади шиносоӣ бо илму фарҳанг ба анъанаи қадимаи омӯзиши илм тадрисгоҳ бунёд гаштааст, ки  зиёда аз 150 адад китобу дастхатҳои нодир ба намоиш гузошта шудааст. Аз байни китобҳои ҷамъовардашуда, зиёда аз 100 адади онҳо аз дастхатҳо иборат мебошанд, ба мисоли “Гулистон” ва “Бӯстони”-и Саъдӣ, “Захират-ул-мулук”-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рубоиёти Умари Хайём, “Қиссаи Юсуф ва Зулайхо” ва китобҳои нодири қадима, ба монанди асарҳои Бедил, Ҳофиз, Туғрал, Аттор, Фузулӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар шоирон гузошта шудааст.

Инчунин дар тадрисгоҳ шоҳасари “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Оқил Оқилов ба Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ тақдим гардидааст, ба намоиш гузошта шудааст.

Ин китоб соли 1388 ҳиҷрӣ-қамарӣ мутобиқ ба соли 1967 мелодӣ дар матбааи Теҳрон ба чоп расидааст. Китоб ба нӯҳ ҷилд тақсим карда шуда, аз 895 саҳифа иборат мебошад. Китоб дар лифофа ҷойгир шудааст.

Китоби “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ яке аз китобҳои барҷастатарини олами маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Ин ҳама дастовардҳо самараи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, оянда барои пешрафти таълиму тарбияи насли ҷавони миллат нақши босазои худро хоҳад гузошт.  

Тошматова Таҳмина

роҳбалади МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТадрисгоҳ дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top