Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гулшани тавҳид

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик хеле бузург аст, зеро ба воситаи китоб мо бо таъриху тамаддун ва фарҳангу ҳунари гузаштаю имрӯзаи мардуми тоҷик аз наздик шинос мешавем ва аз ин дидгоҳ китобро яке аз омилҳои муҳимтарини худшиносӣ гуфта метавонем. Китоб муҳимтарин дастнавиштҳоро, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад, муаррифӣ мекунад. Дар ин махзан беш аз 70 нусхаи хаттии дар асрҳои гуногун китобат шуда маҳфузанд, ки бархе дар зоти худ нодиранд. Яке аз ин китобҳо нусхаи “Гулшани тавҳид” мебошад, ки соли 1229 ҳиҷрӣ ба табъ расидааст. Муаллифаш Мавлавӣ Шоҳидии Муғлавӣ буда, бо қалами Мулло Шоҳҷаҳон ба табъ расидааст. Гулшани тавҳид дилхоҳ ва хубӣ “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ аст, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф аз ҳар дафтари “Маснавии маънавӣ” сад байт баргузида, ҳар байтро бо 5 байт шарҳ додааст. Шоҳиди байни абёти маснавӣ ба абётӣ тафсирии хеш иртиботи қавии мантиқиро таъмин намудааст ва миёни 600 байти “Маснавӣ”-и Мавлоно ва абёти шарҳдиҳанда таносуби қавии калону мантиқ ба хубӣ намудор аст.асари мазкур соли 1529-1530 таълиф ёфта, нусхаи мазкур аз нодиртарин нусхаҳои “Гулшани тавҳид” аст. Матн дар ҳар варақ дар мак9 сатр навишта шудааст. Дар ин нусха байтҳои “Маснавӣ” бо ранги сурх ва шарҳи байт бо ранги сиёҳ оварда шудааст. Бояд гуфт, ки истифода ва нашри сарчашмаҳои мазкур, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд, имрӯз ва ояндаи наздик аз самтҳои асосии фаъолияти мо ба ҳисоб меравад.

Бойматова М.

корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГулшани тавҳид
Scroll to Top