Баҳри ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дар пеш истода, аз ҷумла Фестивали “Сайри гули лола” ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳашари умумимаҷмаавӣ гузарониданд.
Дар рафти кор аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, панҷараҳо ва таршерҳои ҳудуди боғ, пояи пайкара ва мақбараи Хоҷа Камоли Хуҷандиро тоза намуданд. Хазонҳои ҳудуди боғ ва ҷӯи Раззоқ тоза карда шуда, алаф ва хору буттаҳои худрӯйи девори ҳудуди Қалъаи Хуҷанд решакан гардид. Кормандон ҳамчунин дар ободонии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ саҳми худро гузоштанд.