Боиси ифтихор аст, ки дар ҷомеаи навини тоҷикон яке аз меросҳои бузургтарини аҷдодони мо китобу китобхонӣ мавқеъ ва арзишашро гум накардааст.
Яке аз рисолатҳои асосии кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҷамъоварӣ, омӯзиш ва ҳифзу муаррифӣ намудани осори пурғановати фарҳанги куҳандиёрамон мебошад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар муддати начандон тӯлонӣ дар амалӣ гардидани рисолати таърихӣ ва амалӣ намудани сиёсати фарҳангии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” корҳои назаррасеро анҷом дода, ҳамасола тавассути баргузории комиссияи харидории назди фонди осорхона аз шаҳрвандон китоб ҷамъоварӣ менамояд.
Яке аз арзишмандтарин асарҳое ки ба наздикӣ ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ворид гардид ин “Ёддошт”-ҳо мебошад, ки яке аз арзишмандтарин нусхае буда, чопи сангӣ мебошад ва бо хатти настаълиқ навишта шудааст. Андозааш 25х15 буда, забонаш арабӣ мебошад. Нусха фарсуда буда, қаблан таъмир нашудааст, вале бо вуҷуди таъмир шудан саҳифаҳои парешонеро мемонад. Чанд саҳифаи аввали он пароканда шуда, саҳифаи хотимаи китоб вуҷуд надорад. Нусха бо се навъи хат навишта шудааст, ки аз ин ҳам ҳолати дарҳам барҳамии он бармеояд ва қалами се котиб комилан аз ҳам фарқ дорад. Саҳифаҳои китоб аз 17 сатрӣ иборат буда, аксаран дар ҳошияҳои нусха матнҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки баъзе бо матнҳои китоб алоқаманданд ва баъзеи дигар душворхон шудаанд. Саҳифаҳое, ки атрофашон аз навиштаҷоти номарбут холӣ мемонанд, бурида шудаанд. Дар саҳифаи ҳошиявии нусха бо забони форсӣ чунин қайд шудааст: “Ёддошти ҷамъи кутуби Ҳоҷӣ Мирзо”, “Ҳикмату – л - айн”, “Шарҳи Шамсия”, “Мутули ҳошияи Мулло Абдуллоҳ”, “Тафсири панҷ сурра”, “Ақоиди Насафии Чалапӣ ва Курраи Камол бар ақоид”, “Ҷанги мухтасар” ва ғайра ёддоштҳо, ки баъзе аз онҳо комиланд нохоност.
Кормандони шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр минбаъд низ барои ҷамъоварии чунин нусхаҳои нодир саҳми муносиби хешро мегузоранд ва барои баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа нақши шоиста мегузоранд. Ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват ба амал меоваранд то он нусхаҳои нодире, ки дар даст доранд ба комиссияи харидории назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳод намоянд.
Мавҷуда Бойматова
корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”