Ҳар давлати соҳибистиқлол дорои Парчами давлатӣ аст. Парчами ҳар давлат дар баробари рамзи озодӣ ва истиқлолият будан, дар худ орзую омоли халқ, дили поку нияти нек ва дорои кишварро инъикос менамояд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябри соли 1992 инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати ҷашни «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори Осорхонаи таърихии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» гӯшаи намоишӣ таҳти мавзӯи “Парчам – сарчашмаи ифтихори миллӣ” бо мақсади шинос намудани тамошобинон бо таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон гардид. Дар он китобу маҷаллаҳо ва акси парчамҳо аз “Дирафши Ковиён” то замони муосир ба намоиш гузошта шуд.