Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

24-ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати хеш бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Саҳифаҳои таърих баёнгари онанд, ки Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу рукнҳои давлатдории онҳо мақому манзалати арзишманде дошта, ифодагари ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагии онҳо мебошад. Ҳар давлати соҳибистиқлол рамзу нишонҳои хоси худро дорад, ки тавассути онҳо дар ҳама саҳнаву минбарҳои асливу маҷозӣ шинохта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои хеш – Парчам, Нишон ва Суруди миллиро дар давраи душвору фоҷиавори таърихи навинаш қабул кард ва маҳз он рамзҳоянд, ки имрӯз ному симои давлати қадиму ҷавони моро дар хотиру назари ҷаҳониён мушаххас менамоянд. Аз ҷумла, Парчам аст, ки бо садо додани номи давлати мо дар маросимҳои гуногун барафрошта мешавад ва рамзан боиси сарбаландиву назарбаландии ҳар фарди кишвар мегардад. Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.

Парчам имрӯз нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, баёнгари ормонҳои миллати Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад. Ҷашни Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.  

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  тамоми мардуми вилоятро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баландро таманно менамояд.

Бигзор Парчами давлатӣ ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи  соҳибдавлатии тоҷикон то абад парафшон бод!

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО24-ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top