Баҳри муаррифии таърихӣ бойи миллати тоҷик, ба сайёҳони хориҷию дохилӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси ифтихор аз ниёгони хеш аз кулли мардуми вилояти Суғд хоҳиш карда мешавад, ки ашёҳои аҳамияти таърихию фарҳангӣ доштаи хешро ба Осорхонаи вилояти Суғд пешниҳод намоянд. Зеро маҳз осорхона таҷассумгари ҳуввияти миллӣ ва муаррифгари таъриху фарҳанги ҳар як миллату давлат аст.