Китоб дар тарбияи худшиносию худогоҳии миллии оммаи васеи хонандагон ҳамчун маҳзани илму маърифат мавқеи хосаеро ишғол менамояд. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб, омӯзиш ва таҳқиқи мероси гаронмояи таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ бо дастгирии бевоситаи МИҲД-и вилояти Суғд маблағи муайян ба «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд»-и МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади харидории китобҳо ҷудо мегардад.
Яке аз ин китобҳои харидоришуда «Китобу-л-лубоб» мебошад, ки дар фонди Осорхонаи таърихӣ қарор дорад. Ҷилди нусха расмисохти сабзранг, дорои туранҷу сартуранҷ ва занҷира мебошад. Китоб дар мавзӯи мероси ҳуқуқии меросбар иншо шуда, тарзи тақсимоти мерос аз рӯи меъёр ва нишошдодҳои пешиниён ва чигунагии қабули меросбар бо тамоми ҷузъиёташ нишон дода шудааст. Нусха дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар аксари баргаҳои он аз байни китоб асари обрасидагӣ дида мешавад, аммо ба матни асар осеб нарасидааст. Дар идомаи ин нусха чанд рисолаи дигар аз қабили «Китобу-л-лубоб» ба қалам омада, пас аз он боз як асари фиқҳӣ, ки он ҳам дар мавзӯи мерос мебошад, навишта шудааст. Хатти нусха настаълиқи моил ба хатти шикаста буда, хатҳои баргаҳои охири китоб аз оғози он фарқ мекунад. Сатрҳои ҳар саҳифаҳои китоб аз ҳамдигар фарқи куллӣ доранд, масалан оғози китоб, ки дар он мавзӯоти фиқҳӣ ҷойгир шуда, дорои 11 сатрӣ, «Китобу-л-лубоб» дорои 14-15 сатрӣ ва рисолаи дигари нусха дорои 22-23 сатрӣ навишта шудааст. «Китобу-л-лубоб»-и ин нусха аз чиҳил боб иборат буда, ҳар як боб бо хати сурх китобат шудааст. Муаллифаш Мулло Мирзо Илёс ибни Мулло Мирзо Эшон мебошад. Китоб соли 1134 ҳ. таълиф шуда, соли 1277 ҳ. ба табъ расидааст.
Мавҷудахон Бойматова
корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"