Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

16 ноябр - Рӯзи Президент

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи 16-уми ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Президент муайян карда шудааст.


Бахшида ба ин рӯз дар толори “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Рӯзи Президент – иди миллии мост” барпо гардид.

Дар конфронс кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” иштирок намуданд. Дар ифтитоҳи конфронс омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. иштирокдоронро бо Рӯзи Президент шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки дар бунёди ҷомеаи навини кишвари мо, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллат беназир аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин сарвари хирадманд давлати Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлоли худро таҳким бахшид ва имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли талош дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ соҳиби давлати ободу озод мебошад.

Раҳматов Б. - директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ҳамчунин зикр дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Натиҷаи ин иҷлосияи таърихӣ самти муросоро муайян намуда, ба майдони сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид.

Хоҷаева М. - мудири шуъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Пешвои миллат - эҳёгари ҳувият ва фарҳанг” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, доир ба фаъолияти ибратомӯзи Президенти Тоҷикистон, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид дошт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бузурукова Наргисахон

Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО16 ноябр - Рӯзи Президент
Scroll to Top